Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи зеҳни сунъӣ Ёддошти тафоҳум имзо намуданд
ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба густариши ҳамкории илмӣ ва инноватсионии технологӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Ёддошти мазкур 12 май зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар ҳузури Сарони ду давлат имзо гардид.
Ёддошти тафоҳум ба рушди ҳамкории илмӣ-техникӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла таҳқиқот ва таҳияи барномаҳои муштарак ва татбиқи технологияҳо дар истеҳсолот мусоидат мекунад.
Дар доираи ин Ёддошт омодасозӣ ва мубодилаи кадрҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар назар аст.
Инчунин озмоишгоҳҳои муштарак таъсис дода шуда, ҳамкории мунтазам дар соҳаи зеҳни сунъӣ байни муассисаҳои таҳқиқотӣ, донишгоҳҳо ва корхонаҳои баландтехнологии ҳарду ҷониб тақвият дода мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд






