Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 08.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар, роҳбари Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия (TIKA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Этҳем Унал ва котиби сеюми Сафорати Ҷумҳурии Туркия Аҳмет Селчук Асланташ вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар самти рушди сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва фарҳангӣ, табодули таҷриба, омодасозии кадрҳо, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ намуданд.
Инчунин ҷонибҳо масоили ташкили сафарҳои иттилоотӣ барои блогерони самти сайёҳӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Туркия, баргузор намудани барномаҳои омӯзишӣ ва ҷалби мутахассисони турк барои мубодилаи таҷриба дар соҳаи меҳмондорӣ ва хизматрасонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Туркия таъкид намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






