«ТОБИСТОН-2026». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодасозии истироҳатгоҳҳои тобистона доир гардид

Май 5, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. То 1 июни соли 2026 корҳои сохтмон, таъмир ва муҷаҳҳазгардонии истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар Тоҷикистон ба анҷом расонида шуда, омодагии пурраи онҳо ба қабули истироҳаткунандагон таъмин карда мешавад. Дар ин хусус зимни ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иброз шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласа Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қарахон Чиллазода иброз дошт, ки ҳамасола Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон» қабул карда мешавад. Бо шарофати ғамхории падаронаи Сарвари давлат ҳар сол дар дар давраи  тобистон гурӯҳҳои гуногуни кӯдакону наврасон, аз ҷумла ятимону бепарасторон, кӯдакони  болаёқат ва  аз оилаҳои камбизоат,  кормандони соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, кӯдаконе, ки дар мактаб–интернатҳои вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳсил мекунанд, ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.

«Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ба ин масъала аҳамияти махсус зоҳир намуда, дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари вақт иҷро намоем. Кӯшиш кунем, ки кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат ва хонандагони мактаб–интернатҳоро бештар ба истироҳатгоҳҳо фаро гирем»,–баён намуд Қарахон Чиллазода.

Дар ҷаласа масъулин ҷиҳати мутобиқсозии шароити будубош дар истироҳатгоҳҳо, аз ҷумла утоқҳои хоб, ошхона, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ ба талаботи муосир ва босамар гузаронидани таътил бо ташкили барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, бозиҳои зеҳнӣ ва варзишӣ вазифадор гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи  тобистони соли 2025 дар 25 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ аз 2 то 6 баст истироҳат ташкил гардида, дар маҷмуъ 9265 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора 4102 нафар аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба истироҳату солимгардонӣ ҷалб гардиданд.

Гуфта шуд, ки нархи роҳхатҳо соли 2025 аз 850 то 1500 сомониро ташкил дода, барои кӯдакони ятим, бепарастор ва оилаҳои камбизоат роҳхатҳо ройгон пешниҳод гардиданд.

Соли 2025 аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба федератсия дар ҳаҷми 4 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар доираи ин маблағ 4 ҳазору 102 нафар кӯдакону наврасон ба чорабиниҳои солимгардонӣ ҷалб карда шуданд.  Аз ҷумла, 446 нафар кӯдакони ятиму бепарастор, 703 нафар аз оилаҳои камбизоат, 1289 нафар тарбиятгирандагони мактабҳои ҷумҳуриявӣ ва 1327 нафар кӯдакони болаёқат.

Соли 2026 низ тибқи қарорҳои дахлдор Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки маблағҳои пешбинишударо барои харидории роҳхатҳо сари вақт ҷудо намояд. Ҳамчунин Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки нархи роҳхатҳоро танзим ва дастрасии онҳоро таъмин намояд.

Масъулини иттифоқҳои касаби шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷаласа маълумот доданд, ки тибқи нақшаи пешбинишуда дар як баст дар ҳама истироҳатгоҳҳои вилояти Суғд то 1880 нафар, дар вилояти Хатлон то 500 нафар ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳар як истироҳатгоҳ аз 60 то 180 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм низ дар чор истироҳатгоҳ имкони қабули то 1100 нафарро дар як баст дорад.

Дар маҷмуъ, баланд бардоштани сатҳи фарогирии кӯдакону наврасон ба истироҳати тобистона, таъмини шароити мусоид ва ташкили барномаҳои тарбиявию фарҳангӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб мешавад.

Бояд гуфт, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026» аз 26 феврали соли 2026 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки роҳбарии методии ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасонро таъмин намуда, барои самаранок гузаронидани чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва таъмини истироҳатгоҳҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ чораҷӯӣ намояд.

Ҳамзамон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки барои таъмин намудани истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ бо мутахассисони зарурии тиббӣ ва назорати ҳолати санитарию беҳдошти истироҳатгоҳҳо тадбир андешад.

Дар ин замина Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон фаъолияти кумитаҳои соҳавиро дар ин самт назорат намуда, бо мақомоти давлатӣ ва идораҳои дахлдор масъалаи бо омӯзгорони баландихтисос таъмин намудани истироҳатгоҳҳо ва дар онҳо муҳайё намудани шароити заруриро амалӣ менамояд.

Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ аҳли ҷомеаи меҳнатиро муттаҳид сохта, барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандон, оила ва фарзандони онҳо хизмат менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 5, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ бо ҷавонони фаъоли шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир шуд
ОГОҲӢ! 18-20 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мегардад
Соли 2026 дар Ёвон 6 маротиба намоиши ҷойи кори холии доимӣ ва мавсимӣ баргузор гардид
«СУРУДИ ҶАВОНӢ». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар боғҳои пойтахт барномаҳои идона баргузор мегарданд
«ЯК РӮЗИ ҶАВОНӢ». Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон силсилавохӯриҳо доир мешаванд
Оид ба иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
Дар шаҳраки Адрасмон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ САДОҚАТ. Дар ноҳияи Варзоб барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд
Дар Ҳисор бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
Доир ба масъалаи масъулияти блогерон дар таъмини фазои иттилоотӣ вохӯрӣ баргузор шуд
КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ. Оид ба нақши занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Чин дар самти таҳқиқоти академӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид