Томас Мануэл: «Тоҷикистон дар самти мушкилиҳои марбут ба обу иқлим давлати пешсаф муаррифӣ гардидааст»

Май 25, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе оғоз гардид, ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об на танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар сатҳи ҷаҳон низ мусоидат хоҳад кард»,-гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардори зербарномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои маҳсур дар хушкӣ Томас Мануэл.

Ба андешаи Томас Мануэл, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ташаббускори чандин конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ ва пешниҳодҳои муҳим аст, ки Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» аз ҷумлаи онҳо маҳсуб мешавад. «Баргузории ин конфронс метавонад Тоҷикистонро ба ҳайси пешсафи воқеӣ дар самти мушкилиҳои марбут ба обу иқлим муаррифӣ намояд», -афзуд Томас Мануэл.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди неругоҳҳо ба иқдоми нав ноил мегардад. «Баргузории чунин форумҳо метавонад барои ҷалби бештари сармоя ба инфрасохтори об, махсусан инфрасохтори оби Тоҷикистон кумак расонад. Ин форум барои гирифтани таҷрибаи пешқадам дар роҳи ҳалли мушкилоти марбут ба об кумак мерасонад. Таҷрибаи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи манбаъҳои обӣ, ки барои сайёра дар асри 21 хеле муҳим аст, аз ҷониби бархе кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои қораи Африқо, ки аз норасоии об танқисӣ мекашанд, метавонад мавриди истифода қарор гирад. Зеро пешрафту шукуфоии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҳар кишвар, қабл аз ҳама ба об ва захираҳои обӣ ва истифодаи самарабахшу оқилонаи он иртиботи қавӣ дорад», -гуфт Томас Мануэл.

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки Тоҷикистон мамлакати дорои захираҳои об буда, барои бунёди инфрасохтори соҳаи об хеле талош дорад, махсусан барои бунёди неругоҳҳои барқӣ-обӣ, ки дар Тоҷикистон ҳоло хеле зиёданд. Тоҷикистон метавонад барои самаранок истифода бурдани ин обҳо аз технологияҳои навтарин истифода барад.

Мавсуф афзуд, ки ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалии марбут ба об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷонибдорӣ гардидаанд, ба ҳалли масъалаҳои об дар сайёра мусоидат менамоянд.

Томас Мануэл таассуроти худро аз сафараш ба Тоҷикистон баён намуда, иброз дошт, ки Душанбе хеле шаҳри дилкашу назаррабо ва дар ҳоли тараққӣ буда, мардуми тоҷик хеле зебову самимӣ ва хайрхоҳанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 25, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд