Тшилидзи Марвала: «Пешсафии Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи энергияи «сабз» ҷомеаи ҷаҳонро илҳом мебахшад»
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пешсафии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва рушди энергияи «сабз» барои тамоми ҷаҳон намунаи илҳомбахш мебошад. Дар ин хусус имрӯз Ректори Донишгоҳи СММ — муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Тшилидзи Марвала пас аз мулоқот бо Пешвои миллат изҳори назар намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
«Тоҷикистон манбаи захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Истифодаи ин иқтидор барои рушди босуръати энергияи “сабз” таассуроти нек ба бор меорад», — таъкид намуд Тшилидзи Марвала.
Ба иттилои Ректори Донишгоҳи СММ-муовини Дабири кулли СММ, истеҳсоли 98 фоизи неруи барқ дар Тоҷикистон аз ҳисоби манбаъҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза на танҳо барои давлатҳои минтақа, балки барои тамоми ҷомеаи байналмилалӣ намуна мебошад.
Мавсуф инчунин ҳадафи стратегии Тоҷикистонро оид ба таъмини пурраи кишвар бо энергияи “сабз” то соли 2032 баланд арзёбӣ намуд.
«Ин ҳадаф воқеан илҳомбахш аст», — изҳор дошт ӯ.
Тшилидзи Марвала ба Президенти Тоҷикистон барои ташаббуси дастгирии Ҷоизаи об изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид аз ин иқдом пурра ҷонибдорӣ менамояд.
Ҳамчунин, ба ақидаи ӯ, дар айни замон масъалаи ифтитоҳи намояндагии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар анҷом Тшилидзи Марвала ба ҷониби Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки аз сатҳи роҳбарӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон таассуроти амиқ бардошт.
Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






