Тсюй Дунъюй ба муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимию иқтисодӣ даъват намуд
ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Мудири кулли Созмон Тсюй Дунъюй иброз намуд, ки мушкилоти тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои иқтисодӣ сарҳад надоранд ва онҳоро бояд якҷоя ҳал кард.
Тсюй Дунъюй аз иштирокчиён даъват намуд, ки устувориро дар саросари минтақа барои таъмини фаъолияти мунтазами занҷирҳои арзиш, барқарорсозӣ ва коркарди замин ва тавонмандсозии деҳқонон тақвият бахшанд.
«Вазъи шадиди обу ҳаво, аз хушксолӣ то обхезӣ, муносибати навро дар рушди кишоварзӣ ва тағйир додани системаҳои кишоварзӣ тақозо мекунад. Ба сифати истеҳсолот, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи хоса бояд дод. Бо вуҷуди ин, барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо мо бояд маблағгузории давлатӣ ва хусусиро васеъ кунем, деҳқонони хурдро дастгирӣ намоем ва захираҳои иқлимиро самараноктар истифода барем», — гуфт Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ.
Таъкид гардид, ки имрӯз мусоидат ба азхудкунии заминҳои кишоварзӣ, ки дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ беш аз 90 миллион гектарро ташкил медиҳад, муҳим аст, зеро ин заминҳо дар ҳолати таназзул қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ то 15 май дар Душанбе идома меёбад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд






