Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Деваштич расонида шуд

Май 9, 2026 12:30

ДУШАНБЕ, 09.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати инсондӯстона ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 81-солагии Рӯзи Ғалаба намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва масъулин ба дидорбинии собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ–сокини деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Ғазантарак Бибола Рӯзиматови 101-сола ва сокини деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич Нозим Носирови 102-сола рафтанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар доданд, ба онҳо ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ кумакпулии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд. Инчунин аз номи Раиси вилояти Суғд 25 ҳазор сомонӣ ва  аз номи Раиси ноҳияи Деваштич 5000 сомонӣ кумакпулии яквақтаина дода шуд.

Иброз гардид, ки диловарию ҷонфидоӣ, корнамоӣ ва қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардида, барои ҳамеша намунаи ибрат аст.

Собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуда, барои Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Деваштич

Май 9, 2026 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад