Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар шаҳри Бохтар расонида шуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати инсондӯстона ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 81-солагии Рӯзи Ғалаба намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Хатлон, роҳбарони шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён ба дидорбинии собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Сафаралӣ Файзалиев рафтанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, ба Сафаралӣ Файзалиев ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ кумакпулии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд. Инчунин аз ҷониби Раиси вилояти Хатлон ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва туҳфаҳои идона супорида шуд.
Иброз гардид, ки собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои ҳифзи сулҳу озодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи имрӯз хизмати бузург анҷом додаанд ва роҳбарияти давлат ҷоннисориҳои онҳоро ҳамеша қадр менамояд.
Собиқадори ҷанг барои чунин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, гуфт, ки қадршиносии собиқадорон нишонаи эҳтиром ба таърих ва корномаи фарзандони Ватан мебошад.
Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5 нафар собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941–1945) дар қайди ҳаёт мебошанд. Ҳамасола дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба онҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кумакпулӣ ва туҳфаҳо расонида мешавад.
Таваҷҷуҳ ба собиқадорон, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии онҳо ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ аз ҳадафҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки пос доштани хизмати собиқадорон қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванд аст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






