Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ бо мақсади ҷалби сармоя тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисоди мамлакат тақвият мебахшад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар ин замина Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати намояндагони ширкатҳои байналмилалии молиявии «J.P.Morgan», «Loomis Sayles&Company», «Morgan Stanley Investment Management» ва «Global Evolution» мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, дурнамои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳоти бахши молиявию бонкӣ ва имконоти ҷалби сармоя баррасӣ карда шуданд.
Ҷонибҳо инчунин ба татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ дар бахши бонкӣ ва рушди хизматрасониҳои рақамии молиявӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иброз намуд, ки солҳои охир шумораи кортҳои пардохтӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва ҳаҷми амалиёти ғайринақдӣ дар кишвар ба таври назаррас афзоиш ёфта, раванди рақамикунонии иқтисодиёт вусъати бештар касб намудааст.
Гуфта шуд, ки барои сармоягузорони хориҷӣ дар бахши молиявию бонкии кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шуда, дар ин замина рушди маблағгузории иқтисоди «сабз», таҳкими инфрасохтори рақамӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна ҳамчун самтҳои афзалиятнок арзёбӣ мегарданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва омӯзиши самтҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои молия, сармоягузорӣ ва низоми бонкӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Мулоқоти мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла «J.P. Morgan» бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти кишвар доир гардид.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






