Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази машваратии ҳуқуқии Созмони ҷаҳонии савдо пазируфта шуд

Май 5, 2026 10:50

ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 4 май Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба Маркази машваратии ҳуқуқии Созмони ҷаҳонии савдо (ACWL) пазируфта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Протоколи хамроҳшавии Тоҷикистон  ба ин Марказ аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ва Директори иҷроияи Маркази машваратии ҳуқуқии Созмони ҷаҳонии савдо Найл Мигер ба имзо расонида шуд.

Ҳамроҳшавӣ ба Маркази машваратии ҳуқуқии Созмони ҷаҳонии савдо қадами муҳим дар самти таҳкими иқтидори ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми тиҷорати байналмилалӣ ба шумор меравад. Ин иқдом ба Тоҷикистон  имкон медиҳад, ки аз дастгирии касбии ҳуқуқӣ дар доираи қоидаҳо ва расмиёти Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) баҳраманд гардад.

Дар ин росто Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ, таҳияи мавқеъҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи мутахассисони миллӣ аз кумакҳои техникӣ ва машваратии Марказ истифода намояд.

Бояд таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин давлати Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба ин ниҳод ворид гардидааст.

Маркази машваратии ҳуқуқии Созмони ҷаҳонии савдо соли 2001 бо мақсади пешниҳоди машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба қоидаҳои Созмони ҷаҳонии савдо ба кишварҳои камрушд ва дар ҳоли рушд таъсис ёфтааст.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Май 5, 2026 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид