Умут Аҷар: «Дар Тоҷикистон чорабиниҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида мешаванд»

Май 27, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон имрӯз дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии об нақши калидӣ дорад. Масъалаҳо, аз қабили ҳифзи пиряхҳо, тағирёбии иқлим ва истифодаи устувори об дар саросари ҷаҳон рӯз то рӯз муҳим мегарданд. Чунин баён намуд Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Туркия дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок дорад.

«Туркия ба иштирок дар раванди оби Душанбе аҳамияти хосса медиҳад ва конфронсро платформаи муҳими байналмилалӣ барои таҳияи қарорҳои муштарак ҷиҳати ҳалли масоили амнияти об медонад. Барои мо иштирок дар мубоҳисаҳо оид ба масъалаҳои об, иқлим ва энергетикаи сабз муҳим аст, зеро кишварҳои мо дар ин самт ақида ва бархӯрдҳои якхела доранд», — афзуд сафир.

Умут Аҷар таъкид намуд, ки чорабиниҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида мешаванд.

«Дар барномаи фарҳангӣ дар Боғи фарҳангу фароғати «Наврӯзгоҳ» дар ҷашнвораи оби «Об – сарчашмаи башарият» иштирок намудам ва метавонам бигӯям, ки ҳама чиз дар сатҳи хеле баланд ташкил карда шуд. Дар Тоҷикистон аз рӯи анъана чорабиниҳои байналмиллалӣ дар сатҳи бисёр баланд ва касбӣ баргузор мешаванд», — гуфт ӯ.

Ба таъкиди номбурда, роҳбарияти Тоҷикистон дар пешбурди барномаи ҷаҳонии об шоиста аст.

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои обшавии пиряхҳо, тағирёбии иқлим ва амнияти об дар Осиёи Марказиро пайваста матраҳ мекунанд. Дар суханронии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи нави «Чаҳорчӯби Душанбе барои об»-ро пешниҳод карданд. Ин иқдоми хеле муҳим ва саривақтӣ аст, ки метавонад як механизми муассири ҳамкории байналмилалӣ гардад.

Дар масъалаи об Тоҷикистон воқеан кишвари бузург ва бонуфуз аст. Қисми зиёди захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ин ҷо ташаккул ёфтаанд, бинобар ин, Тоҷикистон табиист, ки дар ин масъалаҳо мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Мо раванди оби Душанберо дастгирӣ мекунем ва ҳамасола дар ин конфронсҳо иштирок менамоем. Итминон дорам, ки то анҷумани навбатии бузург дар соли 2028 ҳамкории кишварҳои мо боз ҳам фаъолтар хоҳад шуд», — изҳор дошт сафир.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 27, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид