ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан

Май 21, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳам пайванд шудани порае аз хоки турбати қаҳрамонони миллат- Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва фарзанди фарзонаи миллат- Нисор Муҳаммад бо хоки муқаддаси ватан, ки ин шахсиятҳои таърихӣ дар солҳои 1937 дар Маскав қурбони репрессияҳои сиёсӣ шуда буданд, дар ин рӯзҳо яке аз рӯйдоди муҳимму таърихӣ ва хеле муассир маҳсуб мешавад, ки бо иқдоми наҷиб, бесобиқа ва беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст.

Боз як бори дигар ин амал аз он гувоҳӣ дод, ки фитрати Сарвари давлати мо аз шаҳомату азамат сиришта шуда, барои корномаҳои бузург қодир аст. Президенти мамлакат ҳар лаҳзаву ҳар рӯз таърих меофаранд, чунки аз ибтидои давлатдориашон то имрӯз ҳама иқдомоташон ба манофеи миллат равона карда шудааст. Охирон ташаббуси муассири Роҳбари фарзонаи миллат идомаи силсилаиқдомҳоест, ки дар масири эҳёи таъриху фарҳанги миллат ба анҷом расонидаанд, он шабеҳи пок кардани ғубори иттиҳомоти таърихӣ аз чеҳраҳои бузургони миллати тоҷик буда, наҷоти таърих аз таҳрифоти он солҳо аст.

Давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат на фақат як давлати навини миллӣ сохтаанд, балки бунёни тафаккури миллиро мумтозона гузоштаанд, ба чеҳраҳои мондагори миллат, чун Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ато кардани унвони қаҳрамони миллат, бузургдошти Имоми Аъзам, Мавлонои Балх, Ғаззолӣ, тақсими китоби муқаддаси Қуръон, асарҳои безаволи «Тоҷикон»-у «Шоҳнома» ва таблиғи сартосарии аҳолии мамлакат ба китобхонӣ ва илмомӯзӣ аз иқдомҳои абармарди соҳаи сиёсату фарҳанг- Пешвои миллат мебошанд, ин ҳама боис гаштааст, ки Консепсияи тафаккури миллӣ дар кишвари мо ташаккул ёбад.

Ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонон

Ин ду мафҳум бо ҳам пайванди ногусастанӣ дорад. Қаҳрамонон на танҳо шахсиятҳои саҳифаҳои китоби таъриханд, балки таҷассуми зиндаи руҳияи миллат, арзишҳои олӣ ва меъёрҳои роҳнамои он ба шумор мераванд.

Вақте ки ҷомеа робитаи худро бо решаҳои таърихиаш аз даст медиҳад, ояндаи худро низ мебозад. Назарияпардозони соҳаи сиёсат дар он назаранд, ки «давлате, агар асолати худро қадр намекунад, шаҳрванд надорад — он ҷо танҳо тобеоне ҳастанд, ки омодаанд ба ҳар касе, ки пул медиҳад, хидмат кунанд». Дар шоҳид будан дар амалишавии идеяҳои миллӣ ҳар яки мо шаҳрванди ифтихории ин давлат ҳастем, ки дар устувор ва таҳкибахшии истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ муштҳоямон ба ҳам пайвастааст.

Мегӯянд, қаҳрамонон ба монанди оинаи миллатанд ва ҳувият сипари мост. Имрӯз, дар даврони чолишҳои ҷаҳонӣ ва якранг шудани арзишҳо, ҳифзи ҳувияти мо ба як масъалаи амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Бе дарки дақиқи он ки «мо кистем?» ва «аз куҷо омадаем?», ҷомеа ба як тӯдаи бешаклу беном мубаддал мегардад.

Файласуфи барҷастаи сиёсии асри ХХ Раймон Арон таъкид мекард: «Миллат то даме зинда аст, ки шаҳрвандони он дорои хотираи муштарак аз гузашта ва дидгоҳи умумӣ нисбат ба оянда бошанд. Ба маҳзи он ки эҳтиром ба муқаддасоти муштарак аз байн меравад, миллат низ дучори таназзул ва пошхӯрӣ мегардад».

Дарвоқеъ, маросими ба хок супоридани порае аз хоки сарсупурдагони миллат бо адо намудани ҳама ҷузъиёти милливу суннатӣ ва мазҳабӣ паёми қадрдонӣ ва бузургдошти шаҳидони ватан ба имрӯзу фардои мост! Муқовимат ба бархӯрди тамаддунҳост! Он посдошти   таърих ва арзишҳоест, ки миллати мо бар пояи онҳо шакл гирифтааст. Қаҳрамонҳои миллати мо чӣ дар майдони набард ва чӣ дар арсаи илму фарҳанг ва чӣ дар масири сиёсат дифоъ аз марзу буми меҳан аз таъриху фарҳанги миллат ва дифоъ аз манофеи миллат кардаанд ва чароғе дар роҳи ояндагон афрӯхтаанд.

Ҷисму руҳи инсоният ҳамеша ба хоки ватан, ба фазои муамбари меҳан кашиш дорад, ба қадри кӯчаҳои хокӣ, ба қадри ҳавои пуратри меҳрубонӣ бояд расид, ки Ватан фақат хок нест, руҳ асту реша аст.

Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,
раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ
оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ

Май 21, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Қабули Конститутсия марҳалаи муҳимми рушди давлатдории муосири тоҷикон аст
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд