Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Форуми дуюми занони Осиё иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми дуюми занони Осиё, ки 13-15 май дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Форуми мазкур ҳамчун платформаи байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои марбут ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон дар минтақа доир гардида, намояндагони парлумонҳо, олимон, соҳибкорон ва коршиносонро аз зиёда аз 40 кишвари Осиё ва созмонҳои байналмилалӣ ба ҳам овард.
Мавзуи асосии форум «Сармоягузорӣ ба занон — асоси рушди устувор: васеъ намудани имконияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии занон» буд.
Зимни чорабинӣ масъалаҳои баланд бардоштани нақши занон дар идоракунии давлатӣ ва равандҳои сиёсӣ, дастгирии соҳибкории занон ва таъмини мустақилияти иқтисодии онҳо, саҳми занон дар илм, технология, зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ, инчунин таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи занон ва мубориза бо зӯроварии гендерӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин иштирокчиёни форум доир ба мубодилаи таҷриба, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва густариши нақши занон дар иқтисод, сиёсат ва илм табодули назар намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои форум Эъломияи Бухоро оид ба таҳкими нақши занон дар ҷомеа қабул гардида, шабакаи минтақавии занон-олимони Осиёи Марказӣ — «SheScience Central Asia» таъсис дода шуд.
Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ намоиши маҳсулоти миллии занони соҳибкор баргузор гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






