Вазъи феълӣ ва дурнамои иқтисодиёти Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид

Май 2, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 02.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи феълию дурнамои иқтисодиёти Тоҷикистон ва тадбирҳои сиёсати пулию қарзӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар меҳвари мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии Мэттю Гертнер қарор гирифтанд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон инчунин таъмини суботи молиявӣ, рушди бозори асъор ва захираҳои байналмилалӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаи Бонки миллии Тоҷикистонро бо Хазинаи байналмилалии асъор муҳокима намуданд.

Гуфта шуд, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои берунӣ ва номуайяниҳои иқтисоди ҷаҳонӣ иқтисодиёти Тоҷикистон тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи устувор қарор доранд.

Таъкид гардид, ки ислоҳоти Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таҳкими низоми молиявӣ ба баланд гардидани эътимоди шарикони байналмилалӣ ва беҳтар шудани рейтингҳои байналмилалии иқтисодиёти мамлакат мусоидат намудааст.

Дар мулоқот инчунин ба масъалаҳои таҳкими сиёсати пулию қарзӣ, рушди механизмҳои таъмини суботи молиявӣ, такмили низоми танзиму назорат ва тақвияти фарогирии молиявӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории судманд дар доираи барномаҳои техникию машваратии Хазинаи байналмилалии асъор изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 2, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд