Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Словения густариш меёбанд
ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Словения 6 май зимни вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Словения дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аленка Сухадолник баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин палата.
Иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Ҷумҳурии Словения вориди марҳилаи нави рушд гардидааст.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, гардиши савдои дуҷониба давоми солҳои охир тамоюли рушдро касб намудааст. Таъкид гардид, ки иқтидори воқеии ду давлат барои тавсеаи савдо ва сармоягузорӣ хеле зиёд мебошад.
Инчунин оид ба таъсиси Шурои кории Тоҷикистону Словения барои барқарор намудани робитаҳои мустақими B2B, ҷалби ширкатҳои пешрафтаи дорусозии Словения барои таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи «сабз», технологияҳои баланд ва рақамикунонии иқтисодиёт даъват ба амал оварда шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши ҳамкории амалӣ ва иштироки доираҳои соҳибкории ҳарду давлат дар намоишгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистону Словения изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






