«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Баргузории фестивал-озмун ба баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ мусоидат менамояд

Май 1, 2026 10:10

ДУШАНБЕ, 01.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, дар Тоҷикистон Фестивал–озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор мешавад.

Тавре сардори Раёсати кор бо оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Рустам дар суҳбат ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иброз дошт, фестивал – озмун соли якум аст, ки дар мамлакат гузаронида мешавад. Даври якуму дуюми фестивал–озмун ва намоиш–фурӯш аз моҳи март то охири моҳи апрел дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳия ва вилоятҳо гузаронида шуд.

Ғолибони ин ду давр бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз, гулдӯз, зардӯз, порадӯз, читгар, атласу адрасбоф, гулбасту алочабоф, гардибоф, тоқидӯзу рӯймолбанд, ҷӯроббоф, шерозбоф ва ресмонбоф аз рӯи 8 номинатсия муайян карда шуданд.

Дар айни замон ғолибони ин ду давр ба марҳилаи ҷамъбастии фестивал-озмун ва намоиш – фурӯш омодагӣ дида истодаанд. Тибқи тартиби муайянгардида, 2-3 май барномаи омоданамудаи театрикунонидаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанберо ҳайати ҳакамон қабул менамоянд. Аз барномаи омоданамудаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беҳтаринҳо интихоб гардида, дар даври ниҳоии фестивал–озмун ва намоиш фурӯш  иштирок мекунанд.

Марҳилаи ҷамъбастӣ 7 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Ғолибон муайян ва бо ҷоиза, Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

«Бояд гуфт, ки дар намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ ҳунармандоне иштирок менамоянд, ки хамчун худпешбар ба тариқи паёмак ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд», – баён намуд Сабоҳат Рустам.

Ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки дар даври ҷумҳуриявии фестивал–озмун ва намоиш–фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ тарроҳон, чеварон ва намояндагони соҳаи мӯд аз тамоми минтақаҳои мамлакат ҷамъ меоянд. Онҳо намунаҳои беҳтарини эҷодиёташон–либосҳои миллӣ, аз қабили чакан, атлас, адрас, нақшдӯзию зардӯзиро бо тарҳҳои муосир ва унсурҳои анъанавӣ ба намоиш–фурӯш мегузоранд.

Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фестивал–озмун аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои қадимии маҳал,  либосҳои рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ, беҳтарин либоси миллии атласу адрас, намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ порадӯзӣ, читгарӣ, шоҳӣ, атласу адрас, гулбасту алоча,  гардӣ, тоқиву ҷӯроб, шероз ва ресмонбофӣ, беҳтарин қаламкаш, беҳтарин навори видеоӣ (ролик аз фаъолияти тарроҳ-ҳунарманд, ки дар фестивал озмун иштирок мекунад), гузаронида мешавад.

Мақсади асосии фестивал–озмун баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби либоси зебои миллӣ, ҳамгироии минтақаҳои Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.

«Баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ ва суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни ватанӣ яке аз ҳадафҳои дигари фестивал – озмун ва намоиш – фурӯш мебошад», – иброз дошт Сабоҳат Рустам.

Баргузории фестивал–озмун яке аз тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳанги миллӣ буда, ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзию чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ равона гардидааст.

Фестивал–озмун имкон медиҳад, ки паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ кашф ва эҳё гардида, мавриди истифода қарор гиранд.

Фестивал–озмун барои рассомон, дизайнерҳо, тарроҳон, ҳунармандон, чеварон, наққошон, қаламкашон ва ҳар нафаре, ки зебоӣ ва сарвати фарҳангии ҳақиқиро қадр мекунад, фазои илҳом, муколама ва имконияти нав муҳайё месозад. Зеро мақсади асосии он ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ, оммавигардонии ҳунарҳои мардумӣ, ҳавасмандгардонии истеҳсолоти ватанӣ ва фароҳам овардани ҷойи нави кор мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 1, 2026 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд