«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Шаҳри Душанбе бо намоиши либосҳои муосири миллӣ ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардид

Май 9, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 09.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 7 май дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ва Намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор шуд. Дар он шаҳри Душанбе ба гирифтани ҷойи якум мушарраф гардид. Ҷойи дуюмро ҳунармандони вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовор гаштанд. Намояндагони Вилояти Суғд, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ҳисор соҳиби ҷойи сеюм шуданд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилрабо Маҳмадшарифзода иброз дошт, онҳо дар фестивал–озмун тамоми нозукиҳои либосҳои миллиро бо тарҳи наву замонавӣ муаррифӣ намуданд. Дар намоиш нақшҳои қадимаи гулдӯзӣ дар тарҳи муосир рӯи матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас, инчунин намунаҳои зардӯзӣ ва сӯзанидӯзӣ пешниҳоди тамошобинон карда шуд.

Тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Душанбе навори видеоӣ вобаста ба таърихи либосҳои миллӣ, наққошӣ ва қаламкашии занони ҳунарманд дар гузашта ва имрӯз омода гардид, ки аз ҷониби ҳайати ҳакамон яке аз беҳтарин наворҳои фестивал–озмун арзёбӣ шуд.

«Ҳайати ҳакамон ҳамаи инро ба назар гирифта, шаҳри Душанберо сазовори ҷойи аввал донист. Минбаъд низ кӯшиш менамоем, ки занону духтаронро барои ҳифзу нигоҳдории анъанаҳои миллӣ бештар ҷалб намоем»,– афзуд Дилрабо Маҳмадшарифзода.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода баён намуд, ки ҳунармандони вилоят дар фестивал –озмун раванди ресидани пилла, рангубори он ва наққошӣ дар рӯи матоъро вобаста ба нақшҳои миллӣ пешкаши ҳайати ҳакамон намуданд.

«Яке аз талаботи асосии фестивал-озмун пешниҳоди раванди омодасозии матоъ ва ҳунарҳои мардумӣ буд. Мо ин равандро пурра нишон додем. Дар натиҷа сазоври ҷойи дуюм, ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ гардидем»,– тазаккур дод Фариза Абдуллозода.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар номинатсияи либосҳои қадима онҳо намунаҳоеро пешниҳод карданд, ки аз матоъҳои қариб аз байнрафта, аз ҷумла шоҳӣ, гардӣ, гулбаст, алоча ва сатину авлон омода гардида буданд. Баъзе аз ин матоъҳо таърихи беш аз садсола дошта, то имрӯз зебоӣ ва ҷилои худро нигоҳ доштаанд.

«Мо аз он ифтихор дорем, ки чунин фестивал- озмунҳо бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешаванд. Ин иқдомҳо барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон нақши муҳим доранд»,–гуфт сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Моҳира Усмонзода гуфт, ки даври аввали Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг»-ро дар 16 ҷамоати ноҳия доир намуданд. Инчунин даври ноҳиявии фестивал–озмунро дар сатҳи баланд бо иштироки занону духтарони ҷамоатҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо гузарониданд.

Моҳира Усмонзода афзуд, ки иштирокчиёни ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамаи давраҳои фестивал-озмун бо ҳисси баланди масъулият ва завқи баланди ҳунармандӣ иштирок намуданд. Занону духтарони ҳунарманд бо пешниҳоди либосҳои миллӣ, намунаҳои чакандӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавонистанд фарҳангу анъанаҳои миллиро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

«Омодагии ҷиддӣ ва ҳамкории фаъоли ҷамоатҳо, муассисаҳо ва фаъолзанон боис шуд, ки ноҳияи Рӯдакӣ дар фестивал–озмун сазовори ҷойи сеюм гардад. Ин дастовард ҳамчун натиҷаи меҳнати чандмоҳа ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди ҳунарҳои миллӣ мебошад. Дар оянда талош менамоем, ки ба дастоварҳои аз ин беш ноил гардем»,–мегӯяд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» беш аз 700 нафар намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ба як минбари муҳими муаррифии фарҳангу ҳунари миллӣ табдил ёфтааст. Фестивал–озмун барои ҷалби занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисоди оилавӣ мусоидат менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 9, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ дар самти муҳоҷират баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! 10-12 май дар бештари қаламрави Тоҷикистон бориши бошиддати борони пешгӯӣ мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар дуюмин Форуми байналмилалии баррасии муҳоҷират иштирок намуданд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба хонадони иштирокчии ҷанг аз шаҳри Ҳисор кумакпулии Пешвои миллатро супорид
Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом хатарҳо ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ дар Федератсияи Русия вуҷуд доранд?
Шаҳноза Ахмедова соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» гардид
Дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нишасти илмию назариявӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар шаҳри Бохтар расонида шуд
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ТЕЛЕВИЗИОНУ РАДИО». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ–амалӣ доир шуд
ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти Пешвои ҷавонпарвари миллат
6 МАЙ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд