«ЯК РӮЗИ ҶАВОНӢ». Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон силсилавохӯриҳо доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии мамлакат таҳти унвони «Як рӯзи ҷавонӣ» силсилавохӯриҳо бо донишҷӯён баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Бо ин мақсад дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Як рӯзи ҷавонӣ» чорабинии бошукуҳи фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуда, ҳадафи асосии он таҳкими ҳисси ватандӯстию худшиносӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон дар Коллеҷи техникии Тоҷикистон таҳти унвони «Як рӯзи ҷавонӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш оид ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагию эҷодӣ сухан гуфта шуд.
Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат нақши муҳим доранд. Имрӯз давлату Ҳукумат ба таълиму тарбия, рушди қобилият, омӯзиши илмҳои муосир ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Ҷавонон имрӯз бояд бо ҳисси баланди миллӣ, донишу ҷаҳонбинии замонавӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар рушду ободии Ватан саҳми арзанда гузоранд. Сиёсати давлатии ҷавонон барои рушди истеъдод, ташаббусҳои созанда ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии мамлакат имконияти васеъ фароҳам овардааст.
Дар ҳамоиш саҳми омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол дар баргузории чорабиниҳои фарҳангию ҷамъиятӣ баланд арзёбӣ гардида, як зумра ҷавонони фаъол ва омӯзгорон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад






