Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Ёддошти мазкур 12 май зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар ҳузури Сарони ду давлат имзо гардид.
Ҳадафи ёддошт муайян кардани самтҳои асосии ҳамкорӣ ва механизмҳои ҳамкории амалӣ байни Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун дар давраи солҳои 2026–2028 мебошад.
Дар доираи он ҷонибҳо мубодилаи мунтазами боздиди роҳбарият ва ҳайатҳои коршиносӣ, муҳокимаи муштараки масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ва мубодилаи таҷрибаи байниҳизбӣ дар соҳаи идораи давлатӣ ва ҳамкорӣ дар созмонҳои байналмилалиро дастгирӣ менамоянд.
Он инчунин ба пешбурди ташаббусҳо дар соҳаи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва инфрасохторӣ, сармоягузорӣ ба бахшҳои стратегӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати хурду миёна мусоидат менамояд.
Дар доираи ин ёддошт ҷонибҳо мубодилаи таҷрибаро дар омодасозии кадрҳои ҳизбӣ, семинарҳои муштарак, тренингҳо ва барномаҳои таълимӣ, инчунин ташаббусҳои ҷавонон ва масоили гендерӣ дастгирӣ менамоянд.
Ҳамзамон ҷонибҳо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва иттилоотӣ аз ҷониби созмонҳои дахлдор, табодули таҷриба дар соҳаи воситаҳои ахбори омма, кори идеологӣ, коммуникатсияи ҷамъиятӣ ва рушди барномаҳои омӯзиши забонҳо ва анъанаҳои фарҳангиро дастгирӣ хоҳанд кард.
Ёддошти мазкур дорои хусусияти чорчӯбавӣ буда, шарикии стратегии тарафҳоро барои солҳои 2026–2028 муайян менамояд. Он аз санаи имзо шудан ба расмият даромада, то 31 декабри соли 2028 эътибор дорад.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






