ЁДИ ШОИР. Дар Ҳисор ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ доир шуд

Май 7, 2026 11:10

ДУШАНБЕ, 07.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Устод Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони маҳфили адабӣ- адибони шаҳр доир ба зиндагинома ва эҷодиёти шахсияти барҷастаи адабиёт, адиби сулҳпарвар, тараннумгари дӯстию бародарӣ ва ҳамбастагии халқҳои ҷаҳон, Шоири халқии Тоҷикистон Устод Мирзо Турсунзода сухан намуданд.

Гуфта шуд, ки Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобар ин беҳтарин эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст. Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва идеяҳои инсондӯстона борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи таҳкими сулҳу дӯстӣ байни кишварҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир кардааст.

Солҳои аввали эҷодиёти шоир шеъру достонҳои «Ба эҷодкорам», «Манзараҳои Хуҷанд», «Офтоби мамлакат», «Хазон ва баҳор», «Суруди ҷавонӣ», «Мамлакати тиллоӣ», «Оҳанрабо», «Халқи далер», «Чаманистон», «Водии Ҳисор», «Мо аз Хоруғ омадем» ва ғайра дастраси хонандагон гардидаанд. Эҷодиёти Мирзо Турсунзода дар солҳои минбаъда дар маҷмуаҳои «Пайғом», «Асарҳои мунтахаб» (1955), «Чароғи абадӣ» ва «Ман аз Шарқи Озод» ба табъ мерасанд. Дар шеърҳои «Ҳамшираҳо», «Ба ҷанг», «Хотираи капитан», «Ҳаргиз», «Баҳодури тоҷик», «Паҳлавони интиқомгир», «Рафиқи азиз» корномаҳо ва далерию шуҷоат талқин мешаванд. Инчунин шоир дар солҳои ҷанг достонҳои «Писари Ватан» ва «Барои Ватан» – ро ҳамроҳ бо Абдусалом Деҳотӣ эҷод мекунад.

Ҳамзамон ҳаракатҳои озодихоҳи халқҳои Осиё ва Африқо дар силсилаасарҳои Мирзо Турсунзода «Ман аз Шарқи озод», «Қиссаи Ҳиндустон», «Садои Осиё», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин», «Роҳи нури Офтоб» ва достони «Аз Ганг то Кремл» ва ғайра хеле хуб тасвир ёфтаанд.

Таъкид гардид, ки мероси адабии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба якчанд забони кишварҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Дар маҷмуъ, осори шоир то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ дошта, ҳамчун рамзи сулҳ ва дӯстии халқҳо боқӣ мондааст. Дар анҷоми маҳфили адабӣ шоирон шеърҳои дар васфи Устод Мирзо Турсунзода таълифнамудаашонро манзури иштирокдорон карданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Май 7, 2026 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд