Зафаршо Иброҳимзода: «Осорхонаҳо оинаи кишваркушои таърих, фарҳанг ва тамаддуни ҳар халқу миллат мебошанд»

Май 18, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 май, аз соати 18:00 то 23:00 иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» баргузор мегардад. Ин иқдомро Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии  осорхонаҳо, ки 18 май таҷлил мегардад ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода дар Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо.

Бояд гуфт, ки шуруъ аз соли 1977 бо ташаббуси Шурои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM) ҳамасола дар саросари ҷаҳон 18 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳамин сол  бо мақсади ҷалби бештари ҷомеа, бахусус ҷавонон ба марказҳои фарҳангӣ иқдоми ҷаҳонии «Шабе дар осорхонаҳо» ташкил гардид.

Осорхонаҳо–макони дарки олами нафосат

Зафаршо Иброҳимзода иброз дошт, ки осорхона маконест, ки ба воситаи ёдгориҳояш метавонад ба ҳиссиёти тамошобин таъсир гузошта, шахсро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузории осори таърихӣ, зебоипарастӣ ва дарки олами нафосат тарбият намояд. Дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба осорхонаҳо ҳамчун махзани ҳифз ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Мероси гаронбаҳои  аҷдодӣ, ёдгориҳои безаволи таърихӣ ва дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳз бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзӣ ва садоқати касбии кормандони осорхонаҳо ҷамъоварӣ, ҳифз ва муаррифӣ мегарданд. Осорхонашиносони мамлакат бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ҳифзи ҳофизаи таърихии миллат саҳми арзанда гузошта, дар роҳи таҳкими фарҳанги миллӣ ва худогоҳии ҷомеа рисолати наҷибро бошарафона иҷро менамоянд.

 Осорхонаҳо – оинаи кишваркушои тамаддуни миллатҳо 

Имрӯз осорхонаҳо оинаи кишваркушои таърих, фарҳанг ва тамаддуни ҳар халқу миллат мебошанд. Маҳз ҳамин аҳаммияти бузургро ба назар гирифта, Пешвои миллат  дар сиёсати фарҳангпарваронаашон ба бунёду таҷдиди осорхонаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Бунёди биноҳои муҳташами осорхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат далели барҷастаи дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлат дар ин самт мебошад.

Осорхона маконест, ки гузаштаро бо имрӯз ва имрӯзро бо оянда мепайвандад. Ин боргоҳи маърифат ба ҳар бинанда руҳияи тоза бахшида, дар заминаи ашёи қадимӣ ва дастовардҳои фарзандони баруманди миллат роҳи ояндаи дурахшонро равшан месозад. Дарки заҳматҳои ниёгон ва ҷонисориҳои онҳо барои тамаддуни воло маҳз дар ҳамин боргоҳ амалӣ мегардад. 

Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ва 80-солагии таъсиси ICOM

Дар Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллӣ иқдоми «Шабе дар осорхонаҳо» бо ташкили намоишҳои нодир дар сатҳи баланд  таҷлил мегардад. Имсол ин рӯз ба 80-солагии таъсиси ICOM рост омад. Ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ имсол мавзуи «Осорхонаҳо ҷаҳони тафриқашударо муттаҳид месозанд»-ро пешниҳод намудааст, ки ба нақши сулҳофарӣ ва ваҳдатсозии осорхонаҳо ишорат мекунад.

«Шабе дар Осорхона»–анъанаи неки фарҳангӣ 

     Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгирии Ҳукумати мамлакат Осорхонаи миллӣ соли 2013 бори нахуст иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона»-ро баргузор намуд, ки он ба анъанаи неки фарҳангӣ табдил ёфт. Ҳадаф аз ташкили чунин иқдом пешбурди сиёсати фарҳангии ҷумҳурӣ, ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба осорхона ва муаррифии осорхона ҳамчун макони муосири таълимиву маърифатӣ мебошад.

Маҳфилҳои гуногуни иқдоми «Шабе дар осорхона»

«Шабе дар осорхона» чорабинии хос ва касбии осорхонавиест, ки аз тамошои муқаррарии толорҳои намоишӣ тафовути куллӣ дорад. Тибқи рисолати касбӣ, дар доираи ин иқдом маҳфилҳои гуногун, аз қабили мактаби «устод-шогирд», саҳнаҳои театрикунонида, намоиши филмҳои мустанад ва бозиҳои зеҳнӣ ташкил мегарданд. 18 май тамошои Осорхона ва иштирок дар маҳфилҳо ба таври ройгон доир мешавад. Шаҳрвандон имкон доранд, ки аз экспозитсияи доимӣ ва барномаҳои фарҳангию фароғатие, ки кормандони Осорхона дар ҳамкорӣ бо аҳли фарҳанг омода намудаанд, баҳравар шаванд.

35 барномаи фарҳангӣ, маърифатӣ ва фароғатӣ

Чорабиниҳои имсолаи Осорхонаи миллӣ вобаста ба иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ба таври рамзӣ аз 35 барномаи гуногуни  фарҳангӣ, маърифатӣ ва фароғатӣ иборат мебошанд. Чорабинии «Шабе дар Осорхона» бо иштироки карнайнавозон, доирадастон, ҳунарпешагони «Сирки давлатӣ» ва «Театри лӯхтак» ба таври расмӣ ифтитоҳ шуда, ҳамчунин консерти ҷашнии сарояндагон таҳти унвони «Нури Истиқлол», сайре дар олами пиряхҳо тавассути айнакҳои 3D, маҳфили зеҳнии «Об–сарчашмаи ҳаёт», иҷрои саҳнаи театрии «Борбади Марвазӣ–абармарди созу наво» ба ифтихори ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардидани номи ӯ, иҷрои саҳнаи театрии «Робиаи Балхӣ–нахустин зани соҳибдевони тоҷик» ба ифтихори 1050-солагии Робиаи Балхӣ ва намоиши дастовардҳои илмии Осорхонаи миллӣ дар даврони Истиқлол баргузор мегарданд.

Намоиши дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистон

Инчунин дар ин шаб дарси эҷодӣ бо усули «устод-шогирд»: «Ҷилои қалам», маҳфили фарҳангии «Шоҳномахонӣ» бахшида ба тақдими «Шоҳнома» ба ҳар оилаи тоҷик, дарсҳои «устод-шогирд» оид ба «Тармим ва таҳкими осори сафолӣ» ва «Тармим ва таҳкими сиккаҳо», дарси амалии «Аз бозёфт то экспонат», маҳфили фарҳангии «Навои созҳои аҷдодӣ», маҳфили адабӣ-бадеии «Мирзо Турсунзода-  шоири сулҳу ваҳдат ва мубаллиғи дӯстии халқҳо» ба ифтихори 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, озмуни зеҳнии «Миллати соҳибтамаддун: 35 гоми сарнавиштсоз» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, намоиши «Ҳунарҳои мардумӣ» ва намоиши наворҳои видеоӣ оид ба дастовардҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлол пешкаши тамошобинон гардонида мешаванд.

Барномаи консертии «Муколамаи тамаддунҳо дар партави фарҳанг»

Дар доираи иқдом намоиши сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ, барномаи консертии «Муколамаи тамаддунҳо дар партави фарҳанг» аз ҷониби намояндагони сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон, тарғиби чорабинии «Шабе дар Осорхона» аз ҷониби блогерон, маҳфили «Як тасвир» (Арт-фейс), маҳфили фарҳангии «Ҳусни гулрези ҳино», иҷрои саҳнаи театрии «Шукуҳи Кушониён ва ҳикмати хонуми Сагкин», дастовардҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ, дарсҳои амалии «Ҳунари гулдӯзии тоҷикон», «Ҳунари зардӯзии тоҷикон» ва «Ҳунари ҷӯроббофии бадахшонӣ» ташкил карда мешаванд.

«Саёҳат дар фазои фарҳанг» 

Ҳамзамон намоиши ширкатҳои сайёҳии мамлакат зери унвони «Саёҳат дар фазои фарҳанг», барномаи зеҳнии «Муколамаи инсон ва зеҳни сунъӣ» тавассути робот бахшида ба рушди технологияҳои рақамӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ, шоу-маҳфили кӯдаконаи «Cosmo Land», навозиши дилнишини сози қонун аз ҷониби мутриби ҷавон Гулҷаҳон Илҳомӣ, намоиши асарҳои тармимшуда таҳти унвони «Дидор», намоиши асарҳои асосгузори мактаби рассомии Тоҷикистон Абдулло Ашуров, дарси амалии «Санъати кундалнигорӣ» ва барномаи рушди зеҳнии «Кроссворд ва филворд» доир мегарданд. Ҳар тамошобин, сарфи назар аз сину сол метавонад барои худ чорабинии дилнишин пайдо намуда, аз фарҳанги пурғановати миллат лаззати маънавӣ бардорад.

Нақши осорхонаҳо дар ташаккул ва эҷоди ояндаи устувор  

Баргузор намудани иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» ба тамошобинон имкон медиҳад, то дарк намоянд, ки осорхонаҳо дар ташаккул ва эҷоди ояндаи устувор нақши калидӣ доранд.

“Имрӯз осорхонаҳо ба макони дӯстдоштаи қишрҳои гуногуни ҷомеа табдил ёфтаанд. Мо ифтихор мекунем, ки рисолати наҷиби ҳифз ва ба наслҳои оянда интиқол додани нодиртарин офаридаҳои инсониятро, ки дар давраҳои гуногуни таърих эҷод шудаанд, бар дӯш дорем. Ин масъулияти бузург аз мо садоқату касбияти баланд талаб менамояд. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо имрӯз имконияти фарох дорем, ки бо ташкили чорабиниҳои сатҳи баланд дӯстдорони таъриху фарҳангро ба осорхонаҳо ҷалб намоем”, — гуфт дар анҷом Зафаршо Иброҳимзода.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 18, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«КӮДАКОНУ НАВРАСОН — ОЯНДАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии филмноманависон доир мегардад
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Доир ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар Бохтар Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад
«Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Аз 10 то 14 май Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд