«ЗЕБОИИ ТОҶИКИСТОН–МЕРОС БАРОИ ОЯНДА». Дар Бишкек намоишгоҳи санъати тасвирии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт

Май 19, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/.  19 май дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон (18-21 май) дар Осорхонаи миллии санъати тасвирии Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи Г. Айтиев намоишгоҳи санъати тасвирии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Зебоии Тоҷикистон–мерос барои оянда» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар намоишгоҳ осори ҳунармандони маъруфи санъати тасвирии тоҷик, инчунин рассомони ҷавон ба маъраз гузошта шуд. Дар намоишгоҳ мақомоти давлатӣ, ҳайати дипломатӣ, ходимони фарҳанг ва санъат, рассомон, намояндагони зиёиёни эҷодӣ ва илмии ду давлат, сокинон ва меҳмонони шаҳри Бишкек иштирок намуданд.

Ба таваҷҷуҳи меҳмонон маҷмуаи нодири асарҳои рассомӣ ва графикӣ пешниҳод карда шуд, ки зебоии табиати Тоҷикистон, ғановати анъанаҳои миллӣ, фалсафаи Шарқ ва диди муосири ҳунарии ҷаҳонро таҷассум менамоянд.

Дар асарҳои пешниҳодшуда таваҷҷуҳи махсус ба манзараҳои бошукуҳи кӯҳистони Тоҷикистон, саҳнаҳои ҳаёти мардум ва фарҳанги анъанавӣ, мероси таърихӣ, нақшу нигорҳои миллӣ ва арзишҳои маънавии халқи тоҷик зоҳир гардидааст.

Таъкид гардид, ки мактаби миллии санъати тасвирии Тоҷикистон анъанаҳои санъати академӣ ва равияҳои муосири ҳунариро ба таври ҳамоҳанг муттаҳид намуда, дар айни замон асолат, рангорангии шарқӣ ва эҳсосоти амиқи бадеиро ҳифз менамояд.

Баргузории намоишгоҳ ба густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ ва рушди ҳамкории гуманитарӣ байни ду давлати бародар саҳми муҳим хоҳад гузошт.

Ёдовар мешавем, ки аз 18 то 21 майи соли 2026 дар Ҷумҳурии Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Барномаи чорабиниҳо намояндагони соҳаҳои фарҳанг, санъат, адабиёт ва синаморо ба ҳам оварда, барои табодули фарҳангӣ ва муколамаи созандаи эҷодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 19, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид