Жанна Исина: «Баргузории конфронси сатҳи баланд дар Душанбе мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро тақвият медиҳад»

Май 12, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Баргузории конфронси сатҳи баланд дар Душанбе мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро тақвият медиҳад. Он ҳамкориро бо кишварҳои минтақа густариш дода, лоиҳаҳои нави муштаракро ба бахши кишоварзӣ ҷалб мекунад. Чунин иброз дошт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи карантини растаниҳо дар Институти ҳифзи растаниҳо ва карантини Қазоқистон Жанна Исина.

Намояндаи Қазоқистон ҳамзамон таассуроташро аз сафар ба Тоҷикистон ва пойтахти он — шаҳри Душанбе чунин баён намуд: «Ман мардуми меҳмоннавози тоҷик, обу ҳавои хуш ва шаҳри сарсабзи Душанберо хеле дӯст доштам. Ман дар Алмато зиндагӣ мекунам ва фикр мекардам, ки Алмато шаҳри сабз аст, аммо Душанбе воқеан ба ман илҳоми тоза бахшид. Ба шаҳри Душанбе дарахтони зиёди ҳамешасабз, гулҳои зебою гуногун ва рангоранг ҳусни тоза зам намудаанд. Воқеан ҳам Душанбе шаҳри гулҳост».

Ба андешаи Жанна Исина, Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе ба мубориза бо ҳашароти зараррасони малах, ки ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ барои кишоварзӣ дар якчанд кишвари минтақа боқӣ мемонад, нигаронида шудааст.

Давоми чанд рӯз иштирокчиёни форум дурнамои рақамикунонӣ дар соҳаи кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, истифодаи устувори захираҳои табиӣ, татбиқи роҳҳои ҳалли инноватсионӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки дар Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ беш аз 550 намоянда аз 54 давлати аъзо ва нозир, инчунин тақрибан 20 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок доранд.

Яке аз мавзуъҳои асосии форум тақвияти ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа дар соҳаи ҳифзи растаниҳо, мубориза бо ҳашароти зараррасон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани устувории истеҳсолоти кишоварзӣ ба раванди тағйирёбии иқлим мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе 11 май ифтитоҳ гардида, то 15 май идома меёбад. Он яке аз бузургтарин платформаҳои минтақавӣ барои муҳокимаи амнияти озуқаворӣ, кишоварзии устувор ва рушди бахши кишоварзӣ хоҳад шуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 12, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд