35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ҳамоиши ҷавонони Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои рушду ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони ватандӯсту хештаншинос муҳайё намудааст.
«Бо шукргузорӣ аз ғамхориҳои бешумори давлату Ҳукумат ҷавонони мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ, дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср ва пешрафти илму фарҳанг ва варзиш саҳми бисёр назаррас доранд»,- гуфта шуд дар ҷамъомад.
Инчунин аз ҷониби кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо рӯнамо таҳти унвони «Саҳми ҷавонон дар рушди иқтисоди рақамӣ» пешкаши иштирокчиён карда шуд.
Дар чорабинӣ як қатор кормандони фаъоли вазорат аз ҳисоби ҷавонон бо Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






