35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ вусъат меёбанд

Июнь 1, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 01.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар шаҳри Истаравшан беш аз 1000 иншооти таъйиноти гуногун сохта,  ба истифода дода шудааст. Айни замон  корҳои сохтмонӣ дар иншооти боқимондаи ҷашнӣ бомаром  идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Аз ҷумла, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бинои 10 — ошёнаи истиқоматӣ бунёд шуда истодааст, ки дар ду қабати аввали он маркази муосири тиббӣ ҷойгир хоҳад шуд.

Иншоот дорои 60 ҳуҷраи истиқоматӣ буда, муассисаи тиббӣ барои 80 кати бистарӣ пешбинӣ гардидааст. Дар он бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла рентгени рақамӣ, томографияи резонанси магнитӣ, ангиограф ва дигар дастгоҳҳои ташхисиву табобатӣ таъмин шуда, имкони пешниҳоди намудҳои гуногуни хизматрасониҳои тиббиро фароҳам меорад. Ба истифода додани бино барои беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии бештари аҳолӣ ба ташхису муолиҷаи замонавӣ мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамзамон дар шаҳр сохтмони маҷмааи бисёрфунксионалии «Роҳи абрешим», ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мабдаи нур» бунёд мегардад, идома дорад. Маҷмаа аз 18 ошёна иборат буда, бо истифода аз меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ ва бо назардошти хусусиятҳои меъмории миллӣ сохта мешавад. Дар ду қабати таҳхонаи он таваққуфгоҳ барои 100 воситаи нақлиёт пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи якум гипермаркет, дар ошёнаи дуюм маркази савдо ва хизматрасонӣ бо нуқтаҳои фурӯш ва қаҳвахона фаъолият хоҳад намуд. Ошёнаи сеюм бошад барои маркази варзишию солимгардонӣ ҷудо шуда, дар он толорҳои машқу тамрин, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммомҳои гуногун ва ҷойҳои фароғатӣ ташкил мегардад.

Дар ошёнаи 17-уми маҷмаа меҳмонхонаи муосири чорситорадор бо 52 ҳуҷра ва се апартаменти мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷойгир хоҳад шуд. Дар ошёнаи болоӣ тарабхона барои 104 ҷойи нишаст сохта шуда, аз ошёнаҳои 5 то 16-ум 116 хонаи истиқоматӣ бунёд мегардад. Баъди ба истифода қарор гирифтани маҷмаа то 250 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 1, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд