35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Рашт ду муассисаи томактабӣ ва Маркази ҷавонон ба истифода дода шуд

Июнь 5, 2026 08:31

РАШТ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт 2 кӯдакистон ва Маркази ҷавонон ба истифода дода шуд. Муассисаҳои томактабӣ дар деҳаҳои Навдӣ ва Бедак бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкрону сокинон бунёд гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар доданд.

Дар муассисаҳои томактабӣ беҳтарин шароити таълиму тарбия барои кӯдакон муҳайё шудааст.

Ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти Навдӣ бо саҳми соҳибкорону сокинони ноҳия барои наврасону ҷавонон бинои Маркази ҷавонон сохта, ба истифода дода шуд, ки дар он наврасону ҷавонон ба варзишу бозиҳои шашкаю шоҳмот вақти холигии худро мегузаронанд.

Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода зимни ифтитоҳи иншоот ба ин иқдоми ватандӯстонаи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки бунёди муассисаҳои томактабӣ ва Маркази ҷавонон барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, рушди маънавию зеҳнии кӯдакон ва ташкили фароғати судманди ҷавонон аҳамияти калон дошта, дар татбиқи ҳадафҳои давлату Ҳукумат барои дастгирии насли наврас нақши муҳим дорад.

Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт бунёду навсозии 404 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз зиёда аз 300 иншооти аҳамияти гуногундошта дар ноҳия мавриди истифода қарор гирифтааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар 106 иншоот идома дошта, дар 20 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ имсол оғоз мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Июнь 5, 2026 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд