Аҳамияти муҳими «CASA -1000» дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 03.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Покистон 43 миллион долларро ташкил дода, дар моҳҳои январ-марти соли 2026 ин нишондод ба 8,9 миллион доллар баробар гардид. Чунин гуфта шуд дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки 2-3 июни соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти раёсати ҳамраисони комиссия — Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири федеролии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ дар бахшҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф, бонкдорӣ, илму технология, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, варзиш, нақлиёт ва коммуникатсия мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Покистон бо иродаи сиёсии роҳбарияти олии давлатҳо дар солҳои охир тамоюли мусбати рушд дошта, барои густариши минбаъдаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ имкониятҳои назаррас мавҷуд мебошанд.
Ҷонибҳо зиёд намудани гардиши савдои хориҷиро муҳим арзёбӣ намуда, тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои нави рушди савдои мутақобила, диверсификатсияи номгӯи молҳои содиротию воридотӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳамкории мустақим байни доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории ҳар ду мамлакатро таъкид карданд.
Ҳамзамон аҳамияти муҳими лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» барои рушди ҳамкории мамлакатҳо дар соҳаи энергетика махсусан таъкид гардид.
Тарафҳо аз натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи муштарак изҳори қаноатмандӣ намуда, хотиррасон шуданд, ки татбиқи қарорҳои қабулшуда барои таҳкими бештари муносибатҳои дӯстона ва шарикии мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Покистон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Дар анҷом Протоколи ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштарак ба имзо расонида шуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст






