Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ҳунармандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Дар заминаи чунин дастгириҳо имрӯз дар гӯшаву канори мамлакат садҳо нафар ҳунармандони соҳибтаҷриба ба эҳёи касбу ҳунарҳои миллӣ машғул буда, ҳамзамон барои занону духтарон ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад.
— Яке аз чунин ҳунармандони муваффақ, сокини деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода Гулбону Наврӯзова мебошад, ки беш аз 30 сол аст дар самти ҳунарҳои мардумӣ фаъолият дорад. Имрӯз ин ҳунарманд ба атласу адрасбофӣ, дӯзандагӣ ва омӯзонидани ҳунар ба насли ҷавон машғул аст. Онҳо дар коргоҳашон бо истифода аз усулҳои анъанавӣ матоъҳои атлас, адрас ва беқасам истеҳсол намуда, аз ин матоъҳо либосҳои миллӣ, кӯрпаю кӯрпача, сумка ва дигар маҳсулоти ҳунарӣ омода менамоянд.
Гулбону Наврӯзова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки шавқу рағбати ӯ ба ҳунар аз овони кӯдакӣ оғоз гардидааст.
«Соли 1986 мактабхон будам, ки ба коргоҳи ҳунармандии «Дилором» ҳамчун шогирд рафтам. Дар он ҷо аз устодони соҳибтаҷриба нозукиҳои ҳунарҳои мардумиро омӯхтам. Аз ҳамон вақт инҷониб ба касби ҳунармандӣ машғул ҳастам»,–иброз дошт ҳунарманд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, соли 2011 бо мақсади ҷалби занон ба фаъолияти ҳунармандӣ ташкилоти ҷамъиятии худро таъсис дода, ба қолинбофӣ машғул шудааст. Азбаски ин касб заҳмати зиёд ва вақти тӯлонӣ талаб мекард, шумораи ками занон ба он ҷалб шуданд.
«Мо фаъолияти худро аз қолинбофӣ оғоз кардем, аммо иҷрои ин кор хеле мушкил буд. Барои бофтани як қолин вақти зиёд лозим мешуд ва бисёр занон имкони машғул шудан ба онро надоштанд. Аз ҳамин сабаб фаъолияти он ташкилотро қатъ намудем ва ба самти атласбофию адрасбофӣ рӯ овардем», — афзуд Гулбону Наврӯзова.
Гулбону Наврӯзова бо аҳли хонавода ва ҷалби занону духтарони деҳа аз соли 2013 ба рушди атласу адрасбофӣ машғул аст. Дар ин муддат ӯ тавонист ҳунари қадимаи аҷдодиро эҳё намуда, даҳҳо нафар духтарону занони маҳаллиро ба омӯзиши ин касб ҷалб намояд.
«Ҳангоми омода кардани адрас ҳар як ришта аҳамияти махсус дорад. Барои ҳосил шудани нақшу нигори зебо риштаҳоро аз байни 360 сим мегузаронем. Агар ҳатто як нах ҷойи худро иваз кунад, тамоми нақш вайрон мешавад. Баъзан барои танҳо риштагузаронӣ як рӯзи пурра вақт сарф мегардад»,–маълумот дод ҳунарманд аз рафти кори ҳаррӯзааш.
Мавсуф мегӯяд, ки дар як соат то якуним метр матои атлас ё адрас истеҳсол мешавад ва вобаста ба навъи маҳсулот дар як рӯз то 15 метр матоъ бофтан мумкин аст.
Имрӯз коргоҳи ҳунармандии Гулбону Наврӯзова дар манзили истиқоматиаш фаъолият мекунад. Гарчанде масоҳати он калон нест, вале дар ин ҷо чандин намуди маҳсулоти ҳунарӣ истеҳсол мешавад. Занону духтарон бо шавқу ҳавас ба бофтани матоъ, омода намудани либосҳои миллӣ ва дӯхтани кӯрпаю кӯрпача машғуланд. Ҳар як маҳсулот бо нақшу нигори миллӣ оро ёфта, бозгӯи фарҳанги ғании тоҷикон мебошад.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо имрӯз дар бозорҳои маҳаллӣ ва намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ пешниҳоди харидорон гардида, таваҷҷуҳи зиёди дӯстдорони ҳунарҳои миллӣ ва либосҳои анъанавиро ба худ ҷалб намудааст.
Ба гуфтаи Гулбону Наврӯзова, ҳоло дар коргоҳ 6 нафар занони хонашин соҳиби ҷойи кор шудаанд.
«Мақсади асосиам танҳо истеҳсоли маҳсулот нест. Мехоҳам занону духтарони деҳа соҳиби касб ва даромади доимӣ бошанд. Аз ин рӯ, ба ҳар нафаре, ки хоҳиши омӯзиши ин ҳунарро дорад, ройгон дарс медиҳам»,–гуфт ҳунарманд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ зиёд гардидааст. Хусусан духтарони деҳаи Қаратоғ пайваста барои омӯхтани адрасбофӣ ва дӯзандагӣ ба ин ҳунарманд муроҷиат мекунанд.
Гулбону Наврӯзова барои пешрафти фаъолияти коргоҳаш соли равон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи грантии худро пешниҳод намудааст. Умед дорад, ки лоиҳаи ӯ қабул гардида, бо маблағи грант фаъолиташро густариш медиҳад.
«Айни замон мо танҳо бо ду дастгоҳи адрасбофӣ фаъолият мекунем. Имкониятҳо маҳдуданд, вале талабот ба маҳсулоти мо зиёд аст. Агар соҳиби грант шавем, мехоҳам дастгоҳҳои нав харидорӣ намуда, шумораи кормандонро зиёд намоям ва шароити беҳтари кориро фароҳам оварам»,–иброз дошт Гулбону Наврӯзова.
Бояд гуфт, ки фаъолияти чунин ҳунармандон дар баробари ҳифзи мероси фарҳангии миллӣ ба рушди соҳибкории хурд, таъмини шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон мусоидат менамояд. Маҳз бо шарофати меҳнати содиқона ва маҳорати баланди чунин ҳунармандон ҳунарҳои қадимаи тоҷикон то имрӯз ҳифз гардида, ба наслҳои оянда мерос мегузаранд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз муаллиф








«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд






