Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 13 июн ҳайати Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар доданд, Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и шаҳри Душанбе татбиқи платформаи электронии «eTib»-ро амалӣ менамояд. Ин платформа ташаккули кортҳои электронии тиббии беморон, ҷорӣ намудани низоми дорухатҳои электронӣ, ташкили сабти электронии муроҷиат ба табибон, автоматикунонии ҳисоботи оморӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии муассисаҳои тандурустиро дар бар мегирад.
Ба ҳайати Тоҷикистон намояндагони сохторҳои марбута шомил буданд, ки зимни будубош дар шаҳри Бишкек бо намояндагони шаҳрдорӣ, Вазорати тандурустии Қирғизистон, инчунин як қатор муассисаҳои давлатӣ ва тиббӣ, аз ҷумла Маркази тибби оилавӣ, Маркази миллии фтизиатрия, Академияи давлатии тиббии Қирғизистон ба номи И.К. Ахунбаев, Маркази мониторинги Сарраёсати бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, Фонди суғуртаи ҳатмии тиббӣ, муассисаҳои давлатии «Кизмат» ва «Тундук», Маркази тибби таъҷилӣ, Департаменти воситаҳои доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, инчунин Маркази рушди тандурустӣ ва технологияҳои тиббӣ мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқотҳо ба масъалаҳои рушди низомҳои иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ, инчунин татбиқи амалии технологияҳои муосири рақамӣ дар фаъолияти муассисаҳои тиббӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаи рақамикунонӣ ва тандурустӣ, инчунин идомаи табодули таҷриба байни сохторҳои марбутаи давлатии ду ҷумҳурӣ таъкид намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






