Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии электорати Гурӯҳи кишварии узви Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар ҷаласаи машваратии электорати Гурӯҳи кишварии узви Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молия хабар доданд, дар ҷаласа Файзиддин Қаҳҳорзода доир ба нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, коҳиши таваррум, сатҳи устувори қарзи давлатӣ, инчунин амалисозии бомуваффақияти ислоҳоти макроиқтисодӣ ва сохторӣ дар доираи барномаи Policy Coordination Instrument (PCI) маъруза намуд.
Дар идома вазири молия омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо кишварҳои электорат дар самтҳои рақамикунонии иқтисодиёт, рушди иқтисоди сабз, беҳсозии муҳити сармоягузорӣ ва густариши истифодаи воситаҳои молиявии устувор баён кард.
Дар ин замина тавсеаи ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ҳамчун омили муҳими рушди иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон










Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






