Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми рушди ОПЕК-2026 дар Австрия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия Форуми рушди ОПЕК таҳти унвони «Баланд бардоштани устуворӣ дар ҷомеаҳои осебпазир» баргузор шуд, ки дар он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иштирок намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, форум ҳамчун як платформа роҳбарон ва коршиносони байналмилалиро аз давлатҳои мухталиф барои баррасии роҳҳои муосири рушди устувор ҷамъ оварда, барои иштирокчиён ҷиҳати табодули таҷриба, афкор ва ба роҳ мондани шарикӣ имконияти мусоид буд.
Форуми рушди ОПЕК таҳти унвони «Баланд бардоштани устуворӣ дар ҷомеаҳои осебпазир» бо сухани ифтитоҳии Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Ал-Халифа оғоз гардида, сипас роҷеъ ба фаъолияти фонд ва дурнамои ҳамкорӣ дар самти рушди устувор рӯнамо пешниҳод карда шуд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон









Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






