ҶАЛАСАИ 45-УМИ ШУРОИ ИДОРАКУНАНДАГОНИ ФОНДИ ИҚЛИМИ САБЗ. Дар Тоҷикистон нуҳ лоиҳа ва барнома татбиқ мегардад

Июнь 24, 2026 08:28

ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 25 июн то 2 июли соли равон дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз баргузор мегардад. Дар арафаи баргузории ин ҷаласа хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Маркази миллии татбиқи Созишномаи Парижи назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Сино Тоҳирзода ҳамсуҳбат гардид.

Дар суҳбат Сино Тоҳирзода иттилоъ дод, ки «Фонди иқлими сабз бузургтарин фонди байналмилалӣ дар ҷаҳон мебошад, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои кумак ба мамлакатҳои дар ҳоли рушд дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъсис дода шудааст. Он лоиҳаҳои бузургро барои гузариш ба иқтисоди камкарбон ва мутобиқ шудан ба тағирёбии муҳити зисти ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад. Фонди иқлими сабз соли 2010 дар доираи Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим ва Созишномаи Париж таъсис ёфтааст».

«Идораи марказии Фонди иқлими сабз дар маҳали тиҷоратии Сонгдо, шаҳри Инчхони Ҷумҳурии Корея ҷойгир буда, аз ҷониби Шурои директорон, ки 24-нафарро ташкил медиҳад, идора карда мешавад ва аз сӯи Котибот дастгирӣ меёбад.Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз хонум Мафалда Дуарте, ки зодаи Португалия аст, мебошад. Портфели Фонди иқлими сабз беш аз 20 миллиард долларро бо фарогирии зиёда аз 300 лоиҳа (аз ҷумла маблағгузории муштарак, ҳаҷми сармоягузорӣ ба даҳҳо миллиард доллар мерасад) дар бар мегирад»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Тазаккур дода шуд, ки самти фаъолияти Фонди иқлими сабз ба маблағгузории лоиҳаҳо барои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, аз ҷумла гузариш ба энергияи барқароршаванда, мутобиқшавӣ ба иқлим, дастгирии давлатҳо, ки аз хушксолӣ, обхезӣ, баланд шудани сатҳи баҳр ва обшавии пиряхҳо осеб мебинанд, равона карда шудааст.

Айни замон бо дастгирии Фонди иқлими сабз / GCF – Green Climate Fund/ дар Тоҷикистон нуҳ лоиҳа ва барнома амалӣ мешаванд, ки самтҳои афзалиятнок, аз қабили рушди энергетикаи барқароршаванда, баланд бардоштани устувории кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, таҳкими устувории ҷомеаҳои кӯҳистон, инчунин навсозии хизматрасониҳои гидрометеорологиро фаро мегиранд. Чунин иброз намуд дар суҳбат бо дар остонаи баргузории

Тоҷикистон ҳамкориро бо GCF густариш медиҳад

Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Фонди иқлими сабз фаъолона густариш дода, онро яке аз манбаъҳои асосии ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ барои ҳалли масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хавфҳои иқлимӣ арзёбӣ менамояд.

Тоҷикистон соли 2024 барномаи сармоягузории кишвариро барои ҳамкорӣ бо GCF тасдиқ намуд

Сино Тоҳирзода афзуд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаи мақоми миллии ваколатдор оид ба ҳамкорӣ бо Фонди иқлими сабзро иҷро мекунад, соли 2024 барномаи сармоягузории кишвариро барои ҳамкорӣ бо GCF тасдиқ намуд. Ин ҳуҷҷат самтҳои афзалиятноки ҷалби маблағгузории иқлимиро муайян намуда, ҳамчун замина барои таҳияи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ, ки ба ҳалли муҳимтарин мушкилоти экологӣ ва иқлимии мамлакат нигаронида шудаанд, хизмат мекунад.

GCF бузургтарин механизми бисёрҷонибаи маблағгузории иқлимӣ мебошад

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, «Фонди иқлими сабз, ки соли 2010 дар доираи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим таъсис ёфтааст, бузургтарин механизми бисёрҷонибаи маблағгузории иқлимӣ буда, ба мамлакатҳои дар ҳоли рушд дар татбиқи ҳадафҳои Созишномаи Париж мусоидат менамояд.

Тоҷикистон -давлати пешсаф дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлимӣ

Бо шарофати дастгирии пайваста ва мунтазами Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мамлакати мо мавқеи худро ҳамчун яке аз пешсафони назаррас дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлимӣ, махсусан дар масъалаҳои захираҳои об, пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таҳким мебахшад ва ба истифодаи самараноки имкониятҳои Фонди иқлими сабз аҳамияти махсус медиҳад.

Ҳамкорӣ бо GCF воситаи амалии татбиқи Созишномаи Париж ва иҷрои уҳдадориҳо дар доираи NDC

«Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саҳми он дар партовҳои ҷаҳонии газҳои гулхонаӣ хеле ночиз мебошад, вале ҳамзамон аз паёмадҳои ҷиддии тағйирёбии иқлим осебпазир аст, густариши ҳамкорӣ бо Фонди иқлими сабз на танҳо дастрасӣ ба маблағгузорӣ, балки воситаи амалии татбиқи Созишномаи Париж ва иҷрои уҳдадориҳо дар доираи саҳмгузориҳои миллии муайяншуда (NDC) мебошад. Ин раванд ба гузариши ҷумҳурӣ ба рушди устувор ва ба иқлим мутобиқ мусоидат мекунад», — изҳор дошт Сино Тоҳирзода.

Тоҷикистон соли 2024 аккредитатсияи GCF -ро ба даст овард

Дастоварди муҳим дар соли 2024 гирифтани аккредитатсияи Фонди иқлими сабз аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зист гардид. Ин ба Тоҷикистон имкон дод, ки ба захираҳои фонд мустақиман дастрасӣ пайдо намуда, барои татбиқи ташаббусҳои миллии иқлимӣ мустақилона маблағҳои грантӣ ҷалб намояд.

Тоҷикистон таҳияи пешниҳодҳои нави лоиҳавиро дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим идома медиҳад

Дар айни замон Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зист таҳияи як қатор пешниҳодҳои нави лоиҳавиро дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим идома медиҳад. Ин ташаббусҳо ба баланд бардоштани устувории аҳолӣ ба хавфҳои иқлимӣ, ҳифзи экосистемаҳо ва таҳкими амнияти озуқавории ҷумҳурӣ равона шудаанд.

«From Glaciers to Farms»-тарҳест, ки аз ҷониби GCF ва ADB татбиқ мегардад

Самти муҳими ҳамкории байналмилалӣ инчунин барномаи минтақавии «Аз пиряхҳо то деҳқонон» (From Glaciers to Farms) мебошад, ки бо дастгирии Фонди иқлими сабз ва Бонки рушди Осиё /Asian Development Bank/ амалӣ мегардад. Ҳадафи барнома беҳтар намудани идоракунии захираҳои об, рушди кишоварзии ба иқлим устувор ва баланд бардоштани иқтидори мутобиқшавии кишварҳои минтақа дар шароити обшавии босуръати пиряхҳо мебошад.

GCF барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди устувор мусоидат менамояд

Фонди иқлими сабз аз доираи васеи воситаҳои молиявӣ, аз ҷумла грантҳо, қарзҳои имтиёзнок, кафолатҳо ва механизмҳои маблағгузории муштарак истифода мебарад. Захираҳои Фонд байни лоиҳаҳои коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ва ташаббусҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба таври мутавозин тақсим карда мешаванд, ки барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди устувор мусоидат менамояд.

Ҳамкории Тоҷикистон бо GCF имкониятҳоро барои ҷалби сармоя фароҳам меорад

— Тавсеаи ҳамкорӣ бо Фонди иқлими сабз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои иловагиро ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ, ҷорӣ намудани қарорҳои муосири иқлимӣ ва баланд бардоштани устувории ҷумҳурӣ ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим фароҳам меорад, — Сино Тоҳирзода.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2026 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад