Ҷаласаи Гурӯҳи кории намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид

Июнь 3, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 03.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод – Ойбек» ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа роҳбарону мутахассисони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва ҳайати мақомоти гумруки Узбекистон иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии ҷаласа рушди минбаъдаи ҳамкории наздисарҳадӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод – Ойбек» ва табодули таҷриба дар самти рақамикунонии расмиёти гумрукӣ арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои васеъ намудани қобилияти гузаронидани гузаргоҳ, такмили равандҳои убури сарҳади давлатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар маъмурикунонии гумрукӣ ва инчунин мубодилаи таҷриба дар самти табдили рақамии хизматрасониҳои гумрукиро баррасӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба баррасии масъалаҳои мушкилоте, ки ҳангоми анҷом додани назорати гумрукӣ ва убури сарҳади давлатӣ ба вуҷуд меоянд, инчунин таҳияи механизмҳои муштараки ҳалли фаврии онҳо равона гардид.

Инчунин ҷонибҳо дурнамои ҷорӣ намудани назорати муштараки гумрукӣ тибқи принсипи «Як истгоҳ» дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, масъалаҳои суръат бахшидан ба мувофиқа ва имзои ҳуҷҷатҳои техникӣ вобаста ба истифодаи низомҳои электронии сертификатсияи пайдоиши молҳо, инчунин самтҳои минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, такмили механизмҳои ҳамоҳангсозӣ байни мақомоти гумруки ду давлат ва ҷорӣ намудани равишҳои муосир дар ташкили назорати гумрукӣ дар сарҳади давлатӣ тасдиқ намуданд.

Гуфта шуд, ки баргузории чунин ҷаласа ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкории наздисарҳадӣ, суръат бахшидани гардиши мол, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 3, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд