Ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ) ҷаласаи XXXIV Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Шурои иттилоотии ИДМ) баргузор гардид. Дар кори ҷаласа директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода иштирок намуд.
Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони агентиҳои давлатии иттилоотии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори омма, риояи меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии журналистика дар шароити табдили рақамӣ, муқовимат ба маълумоти бардурӯғ ва дурнамои ҳамкории агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои Иттиҳодро баррасӣ намуданд.
Иброз гардид, ки технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисод, идоракунии давлатӣ, маориф ва фазои иттилоотӣ табдил ёфтаанд.
Дар идома аҳамияти истифодаи технологияҳои муосир барои омодасозии фаврии мавод, тарҷумаи матнҳо ба забонҳои гуногун, пайгирии рӯзномаи байналмилалӣ, баланд бардоштани сифати муҳтавои хабарӣ ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ таъкид гардид.
Ҳамчунин омодагӣ барои густариши ҳамкорӣ байни агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои ИДМ дар самти технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ изҳор карда шуд.
Дар доираи ҷаласа инчунин масъалаҳои фаъолияти Ассотсиатсияи байналмилалии фактчекинг, омодагӣ ба чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






