Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд

Июнь 18, 2026 08:29

ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи Ситоди ҷумуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар  ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» баррасӣ гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади назорати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025 ва Нақшаи чорабиниҳои он 6 маротиба ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ гузаронида шудааст. Дар он ба роҳбарияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби раиси Ситод дастуру супоришҳои мушаххас оид ба масъалаҳои банақшагирӣ ва захираи маводи зарурии хӯрокворӣ, истифодаи самараноки неруи барқу гармӣ ва истеҳсолу таъминоти мунтазами он, захира ва истифодабарии ангишт, сӯзишворӣ, маводи зиддилағжиш, хӯроки чорво ва ғайра дода шудаанд.

Аз мониторинги қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025 бармеояд, ки ба ҳолати 1 апрели соли 2026 бандҳои Нақшаи чорабиниҳои қарори номбурда дар маҷмуъ иҷро шуда, омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба давраи зимистонгузаронӣ таъмин гардидаанд.  Айни замон қарори навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» ба тасвиб расида, Нақшаи чорабиниҳои он мавриди амал қарор дорад.

Барои иҷрои қарори мазкур дар муҳлати то 10 майи соли 2026 дар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ситодҳои фаврӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шудааст.

Айни замон марҳилаи нақшабандии захираи маводи хӯрокворӣ ва сӯхт,  аз ҷумла ангишт, ҳезум, мазути камсулфур, сӯзишворӣ, маводи зиддилағжиш ва омодагӣ барои таъмини барқу гармӣ ба корхонаҳову муассисаҳо ва аҳолӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 оғоз гардидааст.

Дар ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат ба роҳбарони ситодҳои вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027, аз ҷумла таъмини неруи барқ ва истифодаи самаранокии он, гармӣ, маводи сӯхт, озуқаворӣ ва зиддилағжиш, инчунин хӯроки чорво дастурҳои мушаххас дода шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 18, 2026 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд