Ҷаласаи якуми Шурои кории муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи якуми Шурои кории муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Масъалаи баргузории ин ҷаласа дар вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода бо ҳайати тиҷоратию сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Эрон зери роҳбарии Раиси Палатаи муштараки савдои Эрону Тоҷикистон, Президенти Иттиҳодияи соҳибкорони Хуросони Разавӣ Муҳаммад Ҳусейн Рушанак, ки 15 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баррасӣ гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин доир ба саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон ва роҳбарони ширкатҳои пешқадами эронӣ дар бахшҳои нақлиёти байналмилалӣ (роҳи оҳан ва автомобилӣ), тиҷорати маҳсулоти агросаноатӣ, логистика, саноати кӯҳкорӣ, инчунин коркарди ашёи хом мубодилаи афкор намуданд.
Изҳор шуд, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҳамкориро бо соҳибкорони эронӣ дар самтҳои воридоти технологияҳои муосири саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар қаламрави Тоҷикистон, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо истифода аз имтиёзҳои мавҷудаи сармоягузорӣ тақвият диҳад.
Мусоҳибон раванди рушди муносибатҳои тиҷоратиро баланд арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон соҳа ба соҳа босуръат рушд карда истодааст. Иброз гардид, ки соҳибкорони ду мамлакат барои тавсеаи ин рақамҳо ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ ҳавасмандии ҷиддӣ доранд.
Муҳаммад Ҳусейн Рошанак омодагии Палатаи муштарак ва соҳибкорони Эронро барои сармоягузории мустақим ва табодули таҷриба дар соҳаҳои кишоварзии устувор ва содироти маҳсулоти саноатӣ иброз дошт.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






