Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор тавсеа меёбад
ДУШАНБЕ, 02.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истифодаи нишондиҳандаҳои муосири арзёбӣ ва назорати хавфҳо барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми бонкӣ, таъмини суботи молиявӣ ва пешгирии омилҳои манфии хавфҳои эҳтимолӣ аҳамияти зиёд дошта, тавсияҳои коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор ба таҳкими устувории молиявӣ ва такмили низоми муосири идоракунии хавфҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард. Ин матлаб зимни мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии Санҷив Матай, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баён гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба баҳодиҳии фаъолият ва заминаи меъёрӣ дар самти идоракунии хавфҳои Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла арзёбии амалии «Сиёсати идоракунии хавфҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон», такмили низоми идоракунии хавфҳои амалиётӣ, таҳияи нишондиҳандаи хавфпазирӣ (Risk Appetite Framework) ва нишондиҳандаҳои калидии хавфҳои амалиётӣ (KRI), инчунин роҳҳои коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва мутобиқ намудани механизмҳои идоракунӣ ба стандартҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Фирдавс Толибзода аз ҳамкории пурмаҳсулу гуногунҷанбаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки миллии Тоҷикистон, ки ҳадафи он рушди идоракунии хавфҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар самти такмили низоми идоракунии хавфҳо ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафтаи байналмилалӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида, ҳамкориро бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ густариш медиҳад.
Роҳбари ҳайати коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор Санҷив Матай барои тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи судманд дар самти таҳлил ва идоракунии хавфҳо, аз ҷумла хавфҳои амалиётӣ, низоми комплайнс, хавфҳои корреспондентӣ, киберамният, технологияҳои иттилоотӣ (IT) ва дигар бахшҳои марбут ба ин самт омодагиашро баён намуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст






