Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
ДУШАНБЕ, 28.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлат таъсири манфӣ мерасонад. Он боиси коста гардидани эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ, халалдор шудани адолати иҷтимоӣ ва суст гардидани рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия ва пешгирии зуҳуроти он яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Яке аз роҳҳои муассири муқовимат ба коррупсия баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Чунин иброз дошт нотариуси калони давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов Нодира Очилзода дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» дар мавзуи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.
Нодира Очилзода иброз дошт, ки «маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи дониш, фаҳмиш ва эҳтироми инсон нисбат ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, барои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандон мусоидат мекунад. Шахсе, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонад, камтар ба амалҳои коррупсионӣ роҳ медиҳад ва нисбат ба чунин кирдорҳо мавқеи оштинопазирро интихоб менамояд».
«Дар ҷумҳурӣ масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад»,-ёдовар шуд ӯ.
Нодира Очилзода афзуд, ки мақсади эълони 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад.
«Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама аз оила оғоз меёбад. Волидайн бояд фарзандонро дар рӯҳияи ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун ва адолат тарбия намоянд. Агар кӯдак аз овони хурдӣ арзишҳои ахлоқию ҳуқуқиро аз худ кунад, дар оянда нисбат ба ҳама гуна амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла коррупсия, муносибати манфӣ хоҳад дошт»,- тазаккур дод ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфти Нодира Очилзода, муассисаҳои таълимӣ низ дар ин самт нақши муҳим доранд. Дар мактабҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ омӯзиши фанҳои ҳуқуқӣ, гузаронидани вохӯриҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои маърифатӣ ба ҷавонон имконият медиҳад, ки моҳияти коррупсия ва оқибатҳои зараровари онро дарк намоянд. Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд дар рӯҳияи қонунмеҳварӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ тарбия ёбанд.
— Воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ метавонанд дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми назаррас гузоранд. Тавассути барномаҳои омӯзишӣ, мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва маъракаҳои иттилоотӣ аҳолӣ бо талаботи қонунгузорӣ ва роҳҳои пешгирии коррупсия шинос мегарданд. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Ин масъулияти умумии ҷомеа мебошад. Ҳангоми мушоҳидаи ҳолатҳои коррупсионӣ шаҳрвандон бояд бетараф набошанд ва дар доираи қонун барои пешгирӣ ва ошкор намудани чунин ҳолатҳо мусоидат намоянд, — таъкид намуд ҳамсуҳбати мо.
Нотариуси калони давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов Нодира Очилзода, изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз омилҳои асосии муқовимати самаранок ба коррупсия мебошад. Ҷомеае, ки дорои фарҳанги баланди ҳуқуқӣ, эҳтиром ба қонун ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ аст, метавонад ба коҳиш ёфтани сатҳи коррупсия ва таҳкими адолату қонуният ноил гардад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд барои баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии худ ва тарғиби арзишҳои волоияти қонун саҳмгузор бошем. Танҳо бо ҳамин роҳ метавон ҷомеаи шаффоф, адолатпарвар ва пешрафта бунёд намоем.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






