Ҳаракати қатораи мустақими мусофирбар дар масири Душанбе — Москва барқарор карда шуд

Июнь 3, 2026 08:57

ДУШАНБЕ, 03.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 21 июни соли равон ҳаракати қатораи мустақими мусофирбар дар масири Душанбе — Москва барқарор карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қатораи мусофирбар дар масири «Душанбе – Маскав», ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ташкил карда шудааст, дар ду ҳафта як маротиба ҳаракат мекунад.

Ҳаракати қатора дар масири Душанбе –Москва рӯзи якшанбе, 21 июн соати 3:25 (вақти маҳаллӣ) ба роҳ баромада, рӯзи чоршанбе соати 22:08 ба истгоҳи Павелетскийи Москва ворид мешавад. Аз Москва 25 июн, рӯзи панҷшанбе, соати 6:05 (вақти Маскав) ба роҳ баромада, рӯзи душанбе, соати 2:48 (вақти маҳаллӣ) вориди Душанбе мегардад.

Вақти сафар тақрибан чор рӯзро дар бар гирифта, қатора аз ҳудуди Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Русия мегузарад. Дар Бухоро, Нуқус, Кунграт, Кандиагаш, Актобе, Сол-Илетск, Оренбург, Самара, Сизрани, Кузнетск, Пенза, Ряжск, Скопина, Ожерелйе ва дигар маҳалҳои аҳолинишин таваққуфи қатора барои вуруд ва фуруди мусофирон пешбинӣ шудааст.

Мусофирон метавонанд чиптаҳоро 45 рӯз пеш аз ҳаракат ба расмият дароранд. Чиптаҳо аз Душанбе аллакай ба фурӯш бароварда шудаанд ва фурӯши чиптаҳо аз Маскав дертар оғоз мешавад.

Нархи чипта ба қатораи «Душанбе – Маскав» барои 21 июн дар вагони платскарт 2 ҳазору 617,6 сомонӣ (20 ҳазору 089 рубл) ва дар вагони купе 3 ҳазору 713,42 сомонӣ (28 ҳазору 499 рубл) муқаррар гардидааст.

Алҳол байни Тоҷикистон ва Русия се қатораи Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар масири «Кӯлоб – Волжский» (ҳафтае як маротиба), «Душанбе – Волжский» (ҳафтае як маротиба) ва «Хуҷанд – Волжский» (ҳафтае як маротиба) мусофир мекашонанд.

Ҳаракати қатораҳо дар масири Душанбе –Москва бо ибтикори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Роҳҳои оҳани Русия» ва бо мувофиқа бо маъмурияти роҳи оҳани Қазоқистон ва Узбекистон аз нав барқарор карда шудааст.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 3, 2026 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд