Аввалин сомонаи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон таҳия карда шуд
ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидани солҳои 2025-2030 ва бо мақсади рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.
Дар ҳамоиш иттилоъ дода шуд, ки саҳифаи махсуси рақамикунонии феҳрист дар вебсаҳифа ташкил карда шудааст, ки ин сомона дорои ҳафт банди асосӣ мебошад.
Ин саҳифа аз менюи асосӣ, ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бозёфтҳо, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ҷашнҳои таърихиву фарҳангӣ, категорияҳои ёдгориҳо ва китобхона иборат мебошад. Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аввалин сомонаест, ки дар мамлакат таҳия шудааст.
Тавре директори агентӣ Шералӣ Хоҷазода иброз дошт, мақсади рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳтиром ба таърихи халқи худ ва наслҳои минбаъда аст. Зеро ёдгориҳо таҷассумгари таъриху тамаддун ва фарҳанги мардуми тоҷик маҳсуб мешаванд.
Таъкид карда шуд, ки технологияҳои зеҳни сунъӣ имкон медиҳанд, ки сабти рақамӣ, назорат ва барқарорсозии ёдгориҳо ба таври мушаххас ва дақиқ анҷом дода шавад. Ин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти мероси ғании фарҳангӣ ва хатарҳои табиии он махсусан муҳим аст.
«Ҳадафи асосии рақамикунонии феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ — ин нигоҳ доштани мероси гузашта бо технологияҳои муосир мебошад. Бо рақамикунонӣ на танҳо ёдгориҳо аз фарсудашавӣ ва офатҳои табиӣ ҳифз мегардад, балки онҳо барои донишҷӯён, муҳаққиқон ва сайёҳони тамоми ҷаҳон дастрас гардонида мешавад», — гуфта шуд дар ҳамоиш.
Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар марҳалаи аввал ёдгориҳое, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ доранд ва ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО дохил шудаанд, рақамикунонӣ ва дар саҳифаи махсуси рақамикунонии феҳрист ҷой карда шудаанд. Дар ин қатор Саразми бостонӣ, Қалъаи Ҳулбук, Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ёдгориҳои Хуттали қадим, ки моҳи декабри соли 2025 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуданд, қарор доранд.
Натиҷаи ниҳоӣ — таъсиси Пойгоҳи миллии ягонаи иттилоотӣ аст, ки тавассути портали махсуси интернетӣ барои истифодаи омма дастрас хоҳад буд.
Тибқи маълумоти ЮНЕСКО, ҳоло дар саросари ҷаҳон қариб 1200 ёдгории мероси ҷаҳонӣ мавҷуд мебошад. Онҳо ба се категория тақсим мешаванд: фарҳангӣ (беш аз 900 адад), табиӣ (беш аз 200 адад) ва омехта (беш аз 30 адад). Ин ёдгориҳо дар зиёда аз 160 давлати ҷаҳон ҷойгир шуда, барои тамоми инсоният арзиши барҷастаро ифода мекунанд.
«Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ эҳтиром ба таърихи халқи худ ва наслҳои минбаъда аст. Зеро онҳо таҷассумгари таъриху тамаддун ва фарҳанги мардуми тоҷик маҳсуб мешаванд», — афзуд директори агентӣ.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ чунин таъкид намудаанд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат-ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад».
Сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмуъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи миллати куҳанбунёдро ба ҳам васл менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Зафаробод баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумии сокинон муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Зафарободу Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор мегарданд
Ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ густариш меёбад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Левакант ва ноҳияҳои Зафаробод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Темурмалик доир мегарданд
Моҳи октябр дар Душанбе сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мешавад
Дар ёдгории таърихии замони Кушониён- Сайёд корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ оғоз ёфтанд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Филм дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад
Таҳти унвони «Аз ёдҳо фарёдҳо» китоби Садриддин Ҳасанзода нашр гардид






