Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад

Июнь 4, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Театрҳои мамлакат ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. Бо ин мақсад дар Театри ба номи Муҳаммадҷон Қосимов рӯзҳои наздик нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон гардонида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Театри ба номи Муҳаммадҷон Қосимов хабар доданд.

Намоиш ба ҳаёт ва фаъолияти яке аз фарзандони барҷастаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст. Асар бар пояи ҳуҷҷатҳои таърихӣ, номаҳо ва дигар сарчашмаҳои воқеӣ офарида шуда, тамошобинро ба даврае мебарад, ки сарнавишти миллат ва ҳувияти таърихии тоҷикон дар маркази баҳсу муборизаҳои сиёсӣ қарор дошт.

Коргардон ва ҳаммуаллифи намоишнома, омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Абдулҳафиз Қодирӣ мебошад.

Ба гуфтаи эҷодкорон, ҳадафи асар танҳо бозгӯии зиндагиномаи як шахсияти таърихӣ нест, балки ошно намудани насли ҷавон бо инсонест, ки барои ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ хизматҳои арзишманд анҷом додааст.

Бисёриҳо номи Бобоҷон Ғафуровро аз овони кӯдакӣ шунидаанд, аммо на ҳама медонанд, ки чӣ гуна ӯ дар шароити мураккаби замони худ барои ҳимояи таърих ва фарҳанги тоҷикон талош кардааст. Намоишнома кӯшиш мекунад маҳз ҳамин саҳифаҳои камшинохтаи зиндагии ӯро рӯйи саҳна зинда гардонад.

Масъулони театр иброз медоранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷолиби намоиш он аст, ки рӯйи саҳна як галереяи зиндаи шахсиятҳои бузурги тоҷик шакл мегирад.

Тавре директори театр Фирдавс Қосимов иброз дошт: «Дар канори Бобоҷон Ғафуров тамошобинон образҳои Мирсаид Миршакар, Садриддин Айнӣ, Муҳаммадҷон Қосимов, Мирзо Турсунзода ва Туҳфа Фозиловаро низ хоҳанд дид. Яъне, асар тамошобинро ба муҳити фарҳангиву илмии даврае мебарад, ки дар он сарнавишти миллат ва ҳувияти тоҷикон шакл мегирифт».

АКС: Театри ба номи Муҳаммадҷон Қосимов

Июнь 4, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд