Ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор гардид

Июнь 25, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 29-умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ дастоварди беназири миллати тоҷик буда,  маҳз ба шарофати талошҳои пайгиронаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи Тоҷикистон муяссар гардидааст.

Ҳамчунин изҳор шуд, ки ташаббуси наҷибу беназир, фарҳангпарварона, таърихсоз ва инсондӯстонаи қаҳрамонфарзанди миллат, Президенти ваҳдатсарову сулҳофари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — ба Ватан баргардондани пораи  хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад шоистаи таъкиди хос аст».

Баён шуд, ки ин иқдоми барҷастаи Пешвои миллат, нишонаи равшани арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва албатта, ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан буда, дар саҳифаҳои таърих ҷовидон сабт мегардад.

Таъкид гардид, ки ҷаҳду талошҳои  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободиву шукуфоии Ватан ва таҳкими ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо манбаи илҳом, азму ғайрати дучанд аст. Мо бояд аз ҳамаи имкониятҳо самаранок ва оқилона истифода бурда, барои дар оянда боз ҳам ободу зебо шудани Тоҷикистони азиз саҳм гузорем. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намояд, сабақҳои талхи гузашта ва воқеиятҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзро фаромӯш насозад, барои таҳкими сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми арзандаи худро гузорад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 25, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд