Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ (27 июн) дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозори Корвон» мулоқот доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вобаста ба таърих ва аҳамияти сулҳ, ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди беназири миллати тоҷик, таблиғи фарҳангу асолати миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳифозат аз арзишҳои соҳибистиқлолӣ суҳбат доир гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён оид ба таърих ва аҳамияти ваҳдати миллӣ сухан карда, гуфт, ки барои мардуми Тоҷикистон ваҳдат арзиши муқаддас ва сарнавиштсоз буда, пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ҳамчун рамзи ягонагӣ ва шоҳиди саҳифаҳои душвору ифтихорманди таърих дар пойдории он саҳми арзанда гузоштааст.
«Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гаштааст. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи иқтисоди ҷумҳурӣ, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст»,-афзуд Абдураҳим Шоҳиён.
Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ бояд дар ниҳоди ҳар як фарди ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавон тарғиб ва ҳифз карда шаванд. Ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанг ва генофонди миллӣ, инчунин тарғиби идеологияи солими миллӣ масъулияти ҳамаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба хусус ҳамсафони мост.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






