Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд

Июнь 4, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 29-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ — шоҳкориҳои Пешвои миллат» ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Дар ҳамоиш Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода оид ба нақши сарнавиштсози ваҳдати миллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва маҳз бо шарофати он ба таври бесобиқа рушд ёфтани Тоҷикистон сухан намуд.

Гуфта шуд, ки ислоҳоти ҷиддии иқтисодие, ки давлат ва Ҳукумат дар давраи истиқлолияти миллии Тоҷикистон пеш гирифт, маҳз дар вазъияти сулҳу осоиш ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ ба амал омад. Ба даст овардани ризоияти миллӣ бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- меъмори кохи ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст ва бебозгашт аст.

Дар ҳамоиш муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода доир ба ваҳдати миллӣ сухан намуд.

Иброз гардид, ки бо ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳу осоиштагӣ дар мамлакат комёбиҳои назаррас дар ҳама равандҳои иқтисодиву фарҳангӣ таъмин гардид. Дар ин баробар, мавқеи давлати мо дар миқёси байналхалқӣ тақвият ёфт. Эътирофи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон, дастгирии ташаббусҳои байналхалқии мамлакати мо ва торафт афзудани ҳаҷми сармоягузориҳои берунӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ боз як далели равшан аз хидматҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Таъкид гардид, ки таҷлили чунин санаҳо таърихӣ дар мавриди ҳифзи хотираи таърихӣ мавқеи хос дошта, дар таҳкими ҳувияти миллӣ нақши муҳим мебозад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Июнь 4, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд