Байни Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии рушди иқтисодиёти араб оид ба лоиҳаи «Рушди мактабҳо» Созишномаи қарзӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб оид ба лоиҳаи «Рушди мактабҳо» Созишномаи қарзӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Созишнома 23 июн дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия дар вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар ба имзо расонида шуд.
Маблағи умумии созишнома 6 миллион динори кувайтӣ (баробар ба 20 миллион доллари амрикоӣ)-ро ташкил намуда, пурра маблағҳои қарзи имтиёзнок мебошад. Ҳамзамон дар доираи лоиҳаи «Рушди мактабҳо» 4,5 миллион доллар аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳа рушд ва беҳтар намудани таҳсилоти умумӣ, қонеъ гардонидани талаботи мамлакат ба низоми таҳсилот ва шумораи афзуншавандаи хонандагон тавассути сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии якчанд муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон мебошад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






