Байни Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо созишнома ба имзо расид

Июнь 16, 2026 20:35

ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Боку дар ҳошияи Ҷаласаи солонаи Бонки исломии рушд Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо (ITFC) оид ба дастгирии бахши пахтакории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд.

Созишномаро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Директори генералии Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо, доктор Адеб Юсуф Ал-Аама ба имзо расониданд.

Созишнома ба густариши дастрасии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони ватании пахта ба молиягузории тиҷоратӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии соҳа ва мусоидат ба рушди минбаъдаи комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Июнь 16, 2026 20:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд