Барои ҳаракати нақлиёти боркаши гаронвазн дар роҳҳои мошингард маҳдудият ҷорӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои ҳаракати нақлиёти боркаши гаронвазн дар роҳҳои мошингард маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар ин хусус Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёт иттилоъ медиҳад, маҳдудиятҳои мавсимӣ дар ҳаракати мошинҳои боркаши калонҳаҷм ва вазнин дар роҳҳои асфалтпӯш дар шароити ҳарорати баланди ҳаво аз 1 май то 31 августи соли равон амал мекунад.
Дар ин давра ҳангоми зиёда аз 25 дараҷа гарм будани ҳарорати рӯзонаи ҳаво, ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазни зиёда аз 6 тонна дар роҳҳои мошингарди қабати болоияшон мумфарш аз соати 10:00 то 20:00 иҷозат дода намешавад. Чунин воситаҳои нақлиёт метавонад асосан шабона ҳаракат намоянд.
Ин тадбир тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимӣ оид ба вазн ва сарборӣ ба меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ» қабул гардида, ба ҳифзи пӯшиши роҳ аз харобшавӣ бар асари ҳавои гарм равона шудааст. Дар вақти гармии ҳаво асфалт зери таъсири бори вазнин ба тағйири шакл осебпазир мешавад.
Барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршуда, ҷарима ба андозаи аз 50 то 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст, ки он аз 3 ҳазору 900 то 5 ҳазору 460 сомониро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2026», аз 1 январи соли равон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба андозаи 78 сомонӣ муқаррар гардидааст.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд






