Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
РӮДАКӢ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва эълон гардидани Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (2026) роҳи деҳаи Ниликони Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ба масофаи беш аз ду километр мумфарш карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Корҳои тахту ҳамворкунӣ ва мумфаршкунӣ роҳ аз ҳисоби сокинони деҳа ва соҳибкорон ба маблағи як миллион сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Ҳамчунин сокинони бонанги деҳаи Ниликон соли гузашта ба масофаи 4 километр роҳи дигари ҳамин деҳаро бетонпӯш карда буданд.
Раиси Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ Суҳроб Забиров иброз дошт, ки «чунин иқдоми созанда бо иштироки сокинону соҳибкорон сол то сол вусъат ёфта, мо тавонистем як қатор корҳои ободониро амалӣ намоем. Аз ҷумла, дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ даҳо километр роҳҳои байни деҳавиро мумфарш намудем ва бетонпӯш намудани роҳҳои ҳудуди деҳаҳои ҷамоат давом дорад».
Имрӯзҳо корҳои ободониву бунёдкорӣ дар Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дошта, сокинони он ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар сатҳи баланд истиқбол менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






