Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд

Июнь 24, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 25 июн то 2 июли соли равон дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз (Green Climate Fund – GCF) баргузор мегардад. Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Роҳбари мақоми миллии ваколатдор оид ба ҳамкорӣ бо Фонди иқлими сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Турақул Муродзода суҳбат намуд.

Турақул Муродзода иброз дошт, ки Ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иқлим, густариши шарикӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва ҷалби сармоягузориҳои иловагӣ барои татбиқи барномаҳо, лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ дар самти рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат хоҳад кард.

«Фонди иқлими сабз (Green Climate Fund – GCF) бузургтарин механизми байналмилалии молиявӣ буда, тадбирҳои муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба паёмадҳои онро дастгирӣ мекунад»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз тақрибан 400 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла аъзои Шурои идоракунандагон, роҳбарият, кормандони фонд, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои аккредитатсияшуда, бахши хусусӣ ва шарикони рушдро дар шаҳри Душанбе ҷамъ меорад.

Мувофиқи қоидаҳо ва расмиёти Фонди иқлими сабз, ҳамасола се ҷаласаи Шурои идоракунандагон баргузор мешавад. Ду ҷаласа ба таври анъанавӣ дар қароргоҳи фонд дар шаҳри Инчхони Ҷумҳурии Корея баргузор мешаванд ва як ҷаласаи сайёр дар яке аз мамлакатҳои намояндаи минтақаи дахлдори ҷаҳон доир мегардад. Баргузории ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин чорабинӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Турақул Муродзода афзуд, ки баргузории ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз дар шаҳри Душанбе натиҷаи фаъолияти пайгирона ва низомноки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тавсеаи дастрасӣ ба маблағгузории байналмилалии иқлимӣ, аз ҷумла механизмҳои дастрасии мустақим мебошад.

Бо дастгирии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аккредитатсияи сохторҳои миллӣ дар Фонди иқлими сабз барои дастрасӣ ба маблағгузории мустақим таъмин гардид, балки низоми шаффофи таҳияи лоиҳаҳои иқлимӣ низ тақвият ёфт. Фонди иқлими сабз ҷаласаи худро маротибаи аввал дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва маҳз дар шаҳри Душанбе баргузор мекунад, ки он эътирофи муҳими нақши Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлимӣ инъикос менамояд.

Интизор меравад, ки дар доираи ҷаласа масъалаҳои калидии фаъолияти Фонди иқлими сабз, аз ҷумла тасдиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои нави иқлимӣ, баррасии дархостҳои аккредитатсияи созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ, ҷалби маблағгузории иқлимӣ, инчунин дигар масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж ва дастгирии мамлакатҳои дар ҳоли рушд дар самти расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

-Барои Тоҷикистон баррасии як қатор лоиҳаҳое, ки ба баланд бардоштани устувории ҷомеаҳои аз ҳама осебпазир нисбат ба паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим, такмили низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва инфрасохтори обёрӣ, инчунин таҳкими иқтидори ҷумҳурӣ дар самти мутобиқшавӣ ва идоракунии хавфҳои иқлимӣ равона шудаанд, аҳамияти махсус дорад,- иброз намуд ҳамсуҳбати мо.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад