Дар Ашт боғи интенсивӣ бо усули объёрии қатрагӣ ва боронӣ ташкил карда шудааст
ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт боғи интенсивӣ – қатравии «Боғи ибрат» ташкил карда шудааст, ки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо рафти нашъунамои дарахтони ин боғ шинос шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, муовини Сарвазири мамлакат бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки обу замин шинос гардид.
«Боғи ибрат» аз ҷониби соҳибкор Зайлобиддин Мақсудҷонов ташкил карда шуда, он аз соли 2022 инҷониб фаъолият дорад. Иншооти хатти обгирааш дар доманакӯҳ ҷойгир буда, аз 5 чоҳи амудӣ бо чуқурии 20-25 метр иборат мебошад. Оби полезӣ тариқи дастгоҳҳои обкашӣ кашида шуда, ба ҳавзи бунёдгардида, ки ғунҷоишаш 600 метри куббӣ аст, ворид карда мешавад. Аз он, тариқи қубурҳои обдиҳӣ бо усули қатрагӣ объёрӣ карда мешаванд. Ҳамзамон объёрии боронӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Масоҳати умумии боғ 13,41 гектарро ташкил намуда, ба миқдори 15 ҳазор бех ниҳолҳои бисёрсолаи гелос шинонида шудааст.
Дар қисмати даромадгоҳи боғ 100 бех навъи ниҳоли дарахти бисёрсолаи павлония ва 100 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи арча шинонида шудааст.
Дар фарҷоми суҳбат муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ба масъулони ноҳия барои тақвияти корҳои саҳроӣ, афзун намудани ҳаҷми маҳсулотҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин тавсияҳо дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт








Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст






